Табрикоти директори ДИС ДДТТ, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ба муносибати Рӯзи Парчами милии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ҳозирини арҷманд,
Устодон ва донишҷӯёни гиромиқадр!

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумоёнро ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамари таълиму тарбия барору комёбиҳо таманно менамоям.

Яке аз нишонаҳое, ки мамлакат ва миллатро муаррифӣ мекунад, ин Парчам мебошад. Парчамро рамзи асосии кишвар дар тамоми дунё медонанд. Хусусан, барои миллати тоҷик Парчами миллӣ воситаи ифтихор ва худшиносии ҳар кадом аз шаҳрвандон аст.

24-уми ноябр дар раванди дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рўзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Эълон шудани Рўзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокинони Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст».

Аз ин рў, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ўро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузори ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолаи таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Файзи Истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё Парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекунад ва ҳар шаҳрванди тоҷик  бо ифтихор аз ватани худ метавонад, дар тамоми олам умр басар барад. Ҷавонони бонангу ори тоҷик дар ҳамаи чорабиниҳои байнидавлативу байналмиллали ҳамеша Парчами давлатамонро баланд мебардоранд.

Соли 2011 баландтарин парчами дунё, ки дар шаҳри Душанбе сохта шуд ва ба китоби Рекорди Гиннес дохил гардид, ки баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил мекард ва ба ҳусни зебои пойтахти кишварамон ҳусни дигарро зам намуд.

Парчамбардорӣ ва парчамдорӣ ифтихори ҳар як ватандор аст. Парафшонии Парчам аз фатҳу қуллаҳои баланд ва ғалабаи мо тоҷикон дар ҳамаи соҳаҳо шаҳодат медиҳад ва ҳамчунин нишонаи сулҳу ваҳдат ва осоиш дар кишвари  Тоҷикистон аст.

Маҳз дар ин рӯзи хуҷаста баргузории конфронси мазкур ва ҷашни фархундаи устодони арҷманд – Ҳоҷиев Зафар Ҳоҷиевич, Қосидов Одилбой ва Ғуфрон Юсупович, ки ба синни мубораки 80-солагӣ қадам ниҳоданд, боиси ифтихору сарбаландии мост. Ба ин санаи фархундаи умр устодони азизро табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва давлати пириро таманно менамоям. Боварӣ дорем, ки бо дуои неки пирони равшанзамир донишкада ба дастовардҳои назаррас мушарраф мегардад ва онҳо маслиҳатгару раҳнамои мо – ҷавонон мегарданд.

Бори дигар Рўзи Парчами миллиро ба ҳамаи Шумо – устодон ва донишҷўёни гиромиқадр самимона табрику таҳният гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саодати зиндагӣ ва сарбаландию сарфарозиҳо таманно менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *