Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин қайд намуда гузаштанд, ки Роғун – манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод. Таъкид бояд кард, ки давлати Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиби захираҳои зиёди обӣ аст, ки аз ин неъмати Худованд мебояд оқилонаю сарфакорона истифода кард.
Хеле хурсандиовар аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 сохтмони ин иншооти бузурги аср оғоз гардид ва дар давоми 8-сол суръати тоза пайдо карда, санаи 16-уми ноябри соли равон якумин агрегати Нерўгоҳи барқии обии Роғун ба фаъолияти хеш оғоз намуд. Ин санаи таърихӣ барои мардуми кишвари соҳибистиқлол яке аз санаҳои фаромӯшнашаванда мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки бунёди ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрўзу оянда хизмат мерасонад. Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои ғании бузурги энергетикӣ мебошад. Ин имконияти хеле бузурги энергетикӣ метавонад дар ояндаи наздик Тоҷикистонро нурафкан созад.
Аммо аъзоёни ТЭТ ҲНИ ин равшании моро дида натавониста, худро ба ҳар сў мезананд ва дили онҳоро сиёҳӣ фаро гирифтааст. Маҷбур шуда истодаанд, ки зарба ба номи давлату миллат зананд, аммо ин ба сўи худашон баргашта истодааст. Пас бояд онҳо ангушти ҳасрат газанд, зеро онҳо нотавонбинанд ва дурандеш нестанд. Роғун қудрати Тоҷикистон аст ва ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ободу осуда ва сарзамини сулҳу салоь муайян мекунад. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо тамоми мардуми Тоҷикистон якдилона ин иқдоми пешгирифтаи сарварамонро дастгирӣ намоем. Итминони комил дорем, ки миллати соҳибмаърифати тоҷик ба ин кор қодир аст ва намегузорем, ки ақидаҳои нодурусти ифротиён дар байни ҷомеа реша паҳн намояд. Роғун имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди баномуси Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд.