Таҷлил аз Рӯзи омӯзгорон дар ДИС ДДТТ

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Рӯзи омӯзгоронро бо шукуҳ таҷлил намуданд.

Ҷамъомадро бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгорон муовини директори донишкада оид ба таълим, н.и.и., дотсент Ҳомидҷон Ҳошимов ифтитоҳ карда, кулли омӯзгорони муассисаро бо ин санаи фархунда муборакбод гуфт. Ҳамзамон, муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Гулчеҳрахон Аҳророва сухан карда, саҳми омӯзгорони донишкадаро дар таълиму тарбия ва рушду камоли донишҷӯён махсусан таъкид карда, эшонро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон сидқан табрик намуд.

Сипас, донишҷӯёни донишкада бо барномаи фарҳангии омода кардашудаи хеш, ки асосан аз қироати шеърҳо дар васфи омӯзгор, саҳнаҳои бадеӣ, рақси умумӣ ва сурудани сурудҳои дилошӯб иборат буд, намоиш дода, ба чорабинӣ ҳусну таровати идона зам намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *