Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар ДИС ДДТТ

6-уми октябри соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар донишкада чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директори донишкада оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Гулҷеҳрахон Аҳророва ифтитоҳ бахшида, оид ба аҳамияти забони давлатӣ ва риояи меъёру қоидаҳои он фикру мулоҳизаҳои судманд иброз намуд.

Дар чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ карда, миннатдории Мақомотро ҷиҳати ташкил ва баргузории чунин чорабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ба раёсат ва кормандони муассиса махсусан иброз дошт.

Сипас, донишҷӯёни донишкада бо барномаи фарҳангиву фароғатии таҳиянамудаи хеш баромад карда ба чорабинӣ ҳусни идона зам намуданд.

Мадина БУЗУРУКОВА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *