Сомонаҳои Интернетии иғвоангез, аз ҷумла Ахбор.ком зидди манфиатҳои миллию давлатист!

 

Мирзои Салимпур, рӯзноманигор дар хориҷи кишвар дар сомонаи хеш дар як матлаби пур аз даъвоҳои беасосу дуруғ ва туҳмату буҳтон таҳти унвони «Номардӣ ва ваҳшоният. Ин Ҳукумат оё ягон соҳиб дорад?» – ро нашр намудааст. Дар ин матлаб, ки ба Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва ёрдамчии Президенти ҶТ муроҷиат карда шудааст, асосан мақомоти прокуратура ва амнияти кишвар мавриди туҳмат қарор дода шудаанд, ки гӯё ба наздикони Салимпур фишор меоварда бошанд.

Мо ҳама хуб огоҳ ҳастем, ки бо аризаи  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи интернетии   сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком” («Akhbor.com») бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2020    баста шуд.  Фикр мекунем, ки ин ҳалнома ба маврид аст, зеро ин Сомонаҳо дар саҳифаҳои худ рӯзномаю адабиёт ва варақаҳо ахбори санҷиданашуда, сабтҳои видеоҳои сохта шудаеро паҳн менамоянд, ки оромии ҷомеа ва амнияти онро халалдор менамоянд.

Дар ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гаштааст, ки сомонаҳои дар боло зикр карда шуда дар маводҳои пешниҳодшавандаи худ идеологияи ҳизбу ҳаракатҳои   хислати террористиву экстремистӣ доштаро таблиғ намуда, мехоҳанд Ҳукумати конститутсиониро бадном ва ҷомеаи Тоҷикистонро ноором гардонанд. Яке аз онҳо Салимпур мебошад. Ӯ мегӯяд, ки мубалиғи ифротгароён нест, пас чаро ҷаноби Салимпур дар саҳифаҳои www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком” дар бораи он шоҳкориҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда шуданд, ягон мавод ҷой намедиҳад. Ҷавоб мусаллам аст, зеро вай ба ивази маблағи хоҷагонаш омода аст, ки кишвари маҳбуби моро дар назди ҷомеаи ҷаҳони бадном кунад. Аз ин рӯ, агар гӯем, ки Салимпур таблиғгари гурӯҳҳои ифротӣ ҳаст, ба ин шубҳа надорем, зеро   ахборе, ки ӯ пешниҳод менамояд ҳаргиз ба  манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида нашудааст , баракс манфиати хоҷагони хориҷии худро дар ҷойи аввал гузошта, андешаҳои ӯ бар зиддӣ  сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикистон мебошад.

Мардуми Тоҷикистон набояд ба ҳар як ҳилаву найранги бадхоҳон, ки онро Салимпуру Муҳаммадиқболи Садриддинҳо тавассути  www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком” паҳн менамоянд, дода шаванд, зеро тамоми  нооромиҳо, куштору ғорат, сӯзондани шаҳру деҳоти Тоҷикистон дар солхои 90-ум асри гузашта натиҷаи сиёсати «инқилоби исломӣ» наҳзатиён мебошанд.

Аз ин лиҳоз Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бастани ин Сомонаҳо дуруст аст.

Даъвату ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризму экстремизм хушдорест барои ҷомеаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд.  Пешвои миллат зикр намудаанд:  “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Дар охир замин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад, зеро мо як бор асои худро гум кардем, дигар ба ин кор роҳ намедиҳем, баракс   сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро тарафдорӣ мекунем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар созем.

 

                Солиҷонов Р. –устоди  ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *