Солиҷонов Расулҷон

Солиҷонов Расулҷон хатмкунандаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Баъди хатми донишкада соли 1986 ба аспирантураи донишгоҳи мазкур дохил шуда, соли 1989 онро бо муваффақият хатм намуда, ҳамон сол рисолаи номзадиро барои дарёфти унвони номзади илми фалсафа дар бахши фалсафаи (ҳозира Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ)–и АИ ҶТ дифоъ намудааст. Давоми солҳои 1990 ва 2007 ассистент, муаллим, сармуаллим ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шуда фаъолият намудааст. Ҳамзамон аз соли 1991 то соли 1996 ба ҳайси ноиб ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 то 2009 дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, баъдан аз соли 2009 дар вазифаи мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот фаъолият бурда истодааст.

Соли 2014 зери роҳбарии Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Ғаффорова М.Қ ва мудири кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илми фалсафа, профессор Идиев Х.У. Рисолаи доктории хешро дар мавзӯи “Зиддиятҳои иҷтимоӣ – фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон” дифоъ намуд. Мутахассис доир ба фалсафаи иҷтимоӣ ва сотсиология буда, доираи тадқиқоти ӯ соҳаи назария ва методологияи маърифати иҷтимоиро дар бар мегирад. Ӯ муаллифи се монография, 4 китоби дарсӣ (дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммафаҳм мебошад. Доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *