Дар замони мо кўшиши ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳо ва давлатҳое низ ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ТТЭ ҲНИ мебошад, ки истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, алалхусус бо дастгирии хадамоти махсуси Эрон имрўз ниқоб аз чеҳра барафканда, боз барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи кишвари соҳибистиқлоли мо талошҳои беҳуда меварзад. Бо ибораи дигар ҷеҳраи манфури пайравони ҳизби назҳат, ба мисоли Кабириву Илҳом ва Сайидюнус Бурҳонов алҳол бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” дар хизмати доираҳои махсуси идеологияи хадамоти махсуси Эрон қарор доранд, ибрози ақида менамоям.
Аз манбаҳои таҳқиқоти тасдиқгардида маълум карда шудааст, ки мақомоти махсуси ҶИЭ ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳини шурӯъи фаъолияти сиёсии ТТЭ ҲНИ бо он робитаи мустақими пинҳонӣ доштаанд. ТТЭ ҲНИ пас аз паноҳ бурдани ҳайати роҳбарии худ дар ҶИЭ бо ниҳодҳои вижа ва ҳайати раҳбарии ин кишвар ба таври ошкоро ҳамкориро ба роҳ монд, ки ин равобит мутаассифона, то ҳол барқарор аст. Расонаҳои иттилоотии ҶИЭ ба хотири пардапӯш кардани воқеияти фаъолияти муштараки ТТЭ ҲНИ ва ҶИЭ интишор дода мешавад ва ба ҷуз таҳрифи воқеият чизи дигаре нест. Аммо воқеият он аст, ки феълан низ мақомоти махсуси Эрон ТТЭ ҲНИ-ро дастгирӣ мекунад ва ба ин васила барои тафриқаангезиву даргир кардани ҷомеаи мо омода будани худро ошкоро нишон медиҳад. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст,ки дар натиҷаи аъмоли тундравонаи ТТЭ ҲНИ бо дастгирии хадамоти махсуси Эрон кишвари тозаистиқлоли мо ду даҳсола қабл ба майдони фоҷеабори набарди манфиатҷӯёни дохиливу хориҷӣ табдил шуда буд. Илова бар ин, бояд ёдовар шуд, ки то манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори аъзоёни ҳизб мебошанд, дар мадрасаҳои динии Эрон таҳсил намуда, мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Манбаъҳои эътимоднок тасдиқ мекунанд, ки беш аз 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзоёни ҲНИ дар мадрасаҳои динии Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс мехонанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст, ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳониёни шиаён шуд. Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо собит менамояд,ки роҳбарони ТТЭ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд.Ҳатто номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо, рафтору амал, ҷойи хондан, паноҳгоҳ, макони зиндагии назҳатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.
Бо назардошти масъалаи матраҳгардида метавон гуфт, ки кулли мардумони шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри решакан намудани гурӯҳҳои ифротӣ камари ҳиммат баста, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён ба монанди Кабириву Илҳом, Саидюнус Бурҳонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варқию Равшани Темуриён, Ҳаким Раббимпур, Аюб Эгамов ва дигар хоинону ватанфурӯшони миллату давлат ва сарзамани тоҷикон сухани худро баланд намуда намегузоранд, ки ягон нохалаф бар муқобили давлату миллати мо санги маломат бизанад.