Ба ифтихори 110-солагии шоири маҳбуб, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ибтикори факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, аз тарафи кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳиии мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сарвар Файзиева оғоз гардид. Мавсуф меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳадаф аз баргузории чорабиниро шарҳу тавзеҳ дод. Баъдан маърӯзаи ассисенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Хушбахт Умуров оид ба рӯзгор ва осори Мирзо Турсунзода шунида шуд.
Дар ин чорабинӣ меҳмонон, адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Субҳони Аъзамзод ва директори хона-музейи Мирзо Турсунзода Муаттара Ғаниева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Донишҷӯён дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти адабии Мирзо Турсунзода маърӯза намуда, аз ашъори шоир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбекӣ шеърҳо қироат карданд.
Баъдан аз тарафи донишҷӯён саҳнаи адабии “Дуои модар” намоиш дода шуд. Бо рақсу сурудҳои дилнишин донишҷӯён хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.
Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гулчеҳрахон Аҳророва ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиёни фаъол сипосномаҳои раёсати донишкадаро тақдим намуд.