Се нафар донишҷӯён садамаи нақлиётӣ содир кардаанд

      Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд  санаи 5-уми феврали соли 2018 бо иштироки ҳайати васеи устодону донишҷӯён ва намояндагони Раёсати БДА Ҷумҳурии тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот баргузор гардид. Мавзӯи меҳварии мулоқот ба вазъи садаманокӣ дар роҳҳои нақлиётгарди вилояти Суғд тайи моҳи январи соли 2018 аз тарафи донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва тағйиру иловаҳои воридгардида ба як қатор қонунҳои соҳа бахшида шуд. Мулоқотро директори донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ифтитоҳ бахшида, намояндагони Раёсат: майори милитсия Ҷӯраев Карим Раҳимбоевич, нозири ташкилӣ-тарғиботии Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва майори милитсия Фозилов Амирбек Мастибекович, нозири ташкилӣ-тарғиботии БДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро хайра мақдам гуфт. Мавсуф перомуни вазъи ташвишовари садаманокӣ дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят ибрози андеша карда, тайи моҳи январ аз тарафи донишҷӯёни мактабҳои олӣ, аз ҷумла як нафар донишҷӯи донишкада Абдурауфи Ҷаҳонгир-донишҷӯи курси шашуми шӯъбаи ғоибона, ки дар содир кардани садамаи воситаи нақлиёт даст дорад, изҳори таасуф намуд.
Сипас, майори милитсия Ҷӯраев Карим Раҳимбоевич, нозири ташкилӣ-тарғиботии Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд суханронӣ карда, оид ба вазъи садаманокӣ тайи моҳи январи соли ҷорӣ дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят аз тарафи донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва тағйиру иловаҳои воридгардида ба як қатор қонунҳои мазкур маълумоти муфассал дод. Маълум гардид, ки дар ин давра аз садамаҳои рухдода се садамаро донишҷӯёни мактабҳои олӣ ба вуқӯъ овардаанд, ки дар пайи худ оқибатҳои маргбор доштааст.
Таъкид карда шуд, ки аз ин ба баъд муҷозоти қонунвайронкунӣ, дар ҳолати мастӣ нишастан ба сари чанбараки воситаи нақлиёт, вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои нақлиётгард ва дигар беэътиноӣ нисбати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ хеле сангин хоҳад буд. Номбурда аз ҷаримаҳои нави таъйиншуда ба қонунвайронкуниҳои мазкур ёдоварӣ карда, ҳамагонро барои риояи дақиқ дар ин самт ҳидоят кард.
Ҳамин тариқ, мулоқот дар фазои озод ва ҳусни тафоҳуми тарафайн баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз суханрониҳои шунидашуда ба кори худ анҷом пазируфт.

Каёнуш КАЛОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *