Ифротгароии (экстремизми) динӣ ва динситезӣ – ду қутби ба ҳам мухолиф ва хатарафзо дар ҷомеа

Вақтҳои охир дар замони мо, ки пур аз таъзод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор, хулоса миёни тамоми хосу ом қарор гирифтааст.            Маъмулан  замоне, ки ягон истилоҳ мавриди истифодаи зиёд қарор мегирад,  ё ба таври дигар гӯем мӯд  мегардад, одатан мазмуни аслии худро гум мекунад, ё ба ҳар ҳол шарҳи дақиқ ва мушаххаси худро гум намуда, дар атрофи он баҳсу талош ба миён меояд. Истилоҳи «экстремизм» (ифродгароӣ) аз ин ҳолат истисно нест ва онро ҳар гуна шарҳу маънидод менамоянд.
Маънои аслии «экстремизм» чист  ва он чӣ гуна  падида аст?
Экстремизм – (аз калимаи франсузии «extremisme» ва лотинии «extremus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва  амалҳои  тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист – шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот  метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Ҷаҳони мо, ҷаҳони инсон, чунон рангорангу пуртаззод ва пурмуаммову мураккаб аст, ки онро дарк намудан, фаҳмидан ва нисбат ба ҳодисаву воқеаҳо ва падидаҳои он кадом як роҳу равиш ва усули ягона, катъӣ ва фарогирии ҳамаро дарёф намудан ва истифода бурдан аз имкон берун аст. Дар ин ҷаҳони гуногунранг ва замони пурихтилоф шахсоне вуҷуд доранд, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, щояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Онҳо ба ҳадду дараҷае ба ҳақиқати аслӣ ва ягона будани афкору андеша ва амалҳои худ  боварӣ ва эътиқод доранд, ки мехоҳанд щояву афкор ва андешаи худро ба тамоми ҷомеа зӯран бор кунанд, ё бо истилоҳ «бо бозуи оҳанӣ инсониятро ба хушбахтӣ равона созанд». Чунин амал экстремизм (ифротгароӣ, тундравӣ) аст, ва дар аксар маврид он ба ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ дар ҷомеа ва баъзан ба оқибатҳои фоҷиаангез меорад.
Экстремизм падидаи нав нест. Драманависи бузурги Юнони Қадим Эврипид  ин падидаро дар драмаи фоҷиаомези худ «Баккайҳо» хеле хуб тасвир намудааст, ва ин дуюним ҳазор сол пеш буд.
Ба ақида ва иттифоқи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзнома-    нигорон ва ба ин бояд иқрор ҳам шуд, экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Сабабу решаҳои  он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд?
Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:
Аввалан – афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони  Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».
Технологияи навтарини муосир, комёбиҳои илм, инкишофи иқтидори  иқтисодӣ, ҳарбӣ, афзудани хатари бӯҳрони умумибашарӣ – хатари ҷанги ядроӣ (ҳастивӣ), хариду фурӯши аслиҳа, маводи нашъаовар, бемориҳои вазнини сирояткунанда, бӯҳрони экологӣ, афзудани аҳолии курраи Замин ва суръати рӯзафзуни рушди шаҳрҳо ва муаммоҳои онҳо (урбанизатсия) ва щайра натанҳо ба олами моддӣ, табиӣ, балки ба олами маънавӣ, сотсиум (ҷомеа) низ таъсир мерасонад ва оқибатҳои он ногувор ва номуайян аст. Ҳамаи ин инсониятро ба изтироб ва ҳатто ба тарсу ҳарос ва ноумедӣ овардааст.
Дуюм – ҷараёни бо шиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тащйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб, ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст, ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Дар ҷаҳони ислом омили дигар низ вуҷуд доранд:
Сеюм – омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Щарб сиёсати–духӯра, дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Ин мавзӯъ аз доири баҳси мо берун аст ва бояд мавзӯи алоҳида бошад. Вале онро набояд фаромӯш кард ва аз эътибор соқид намуд.
Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундраваӣ, таҷовузгароӣ, бадқастӣ (агресивностҳ), щайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо щалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Экстремизм ва терроризм аз мавҳумҳоест, ки дар дунёи мирӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мавҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Воҷаи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Мирмухамедова М.М.,
ассистенти кафедраи
«Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *