¶ 1
Leave a comment on paragraph 1 0
Баъди ба даст омадани Истиқлолият дар кишвари азизамон имконият пайдо гардид, ки фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва муносибати онҳо бо давлат дар доираи талаботи қонун ба роҳ монда шавад.
Дар ин давра маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми созмонҳои бонуфузи байналмиллалии исломӣ ҳамкориҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шуд. Дар ин муддат ба Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки Исломии Рушд ва кишварҳои олами ислом ҳамкориҳои самарабахш роҳандозӣ карда шуд, ки ба ҷабҳаҳои иқтисодии миллии кишвар манфиат оварда истодааст.
Бар замми он, рӯирост ба зимаи худ гирифтани ин амалҳои гайриинсонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни мазҳабии гайриқонунӣ инсонро боз ҳам ба андеша водор месозад. Гурӯҳҳои мазҳабии гуногун имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо мақсадҳои ғаразноку нопоки хеш бо ДИИШ ҳамкорӣ пайдо карда, сабабгори бесарусомонӣ ва ҳодисаҳои фоҷиабор гардида истодаанд. Боиси таассуф аст, ки онҳо бо ин амалҳояшон дар зеҳну ақли мардуми эътиқодманди ғайримусалмон дар бораи ислом ва пайравони он тасаввуроти нодурустро мустаҳкамтар сохта, бо шунидани номи мусалмон ё ислом террористу экстремистро пеши назар меоранд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки муносибаташро ба ин гурӯҳҳо тағир диҳад ва ба тафриқабозиҳои мазҳабии ин гурӯҳҳои мухталиф назорати ҷиддӣ ва муборизаи беамон барад.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Чи тавре, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояшон ва Паёми худ борҳо иброз медоранд, терроризму экстремизм ватан, миллат, дин надорад. Он дар ниҳоди худ танҳо харобиву марг, фоҷиаву куштору ғоратро фарогир аст. Он ашхосе, ки ҷавононро барои ҷиҳод дар роҳи ислом даъват мекунанд, шаҳидони ин роҳро омода месозанд, аслан худашон ҳеҷ шаҳиди ин роҳ шудан намехоҳанд. Бо ин васила худ оромона боз сарвати ин дунёро ҷамъоварӣ намуда, лаззати зиндагии хеш доранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ташаккули илму маърифат боз ҳам собитқадам бошему барои баланд бардоштани сатҳи маърифати фарзандон ва шогирдонамон беш аз пеш ҳиссагузорӣ намоем. Бомаърифатии илмиву динии кулли ҷомеа яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо ин вабои аср мебошад. Зеро гуфтаанд: “Ҳама гуна бадӣ, камбудии инсон аз бесаводӣ бармеояд” (Суқрот).
¶ 3
Leave a comment on paragraph 3 0
Ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон
Бадурашвили Кристина