(Андешаҳо перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 12. 2024)

Мусаллам аст, ки дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба дастгирии нерӯи илмӣ, таҳдиди соҳаи илм ва ба самти ҳалли муаммоҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона кардани он як ҷатор чораҳо андешида шудаанд. Дар мамлакат таҳкими нерӯи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дар такмили иқтисодиёт ва гузариш ба роҳи инноватсионии рушд яке аз самти афзалиятноки стратегӣ дониста шудааст.
Маҳз бо дарки амиқу дақиқ бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024с, соли 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд, зеро маҳз илмҳои муосир муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназар арзёбӣ мешаванд.

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ва паёмҳои солҳои қаблӣ, ҳар кадоме аз мо рисолате барои худ дармеёбем, аз ҷумла рисолати худогоҳӣ, ватандӯстӣ, аз роҳи бунёдкориву созандагӣ қадам задан, рисолати эҳтирому арҷгузорӣ ба манфиатҳои давлат, фарҳанги миллӣ, падару модар. Ҳар ҳарфи Паём сидқан, бо муҳаббату садоқат аз ватандориву бунёдкорӣ садо медиҳад. Моро роҳбалад мекунад, ҷониби фардои дурахшон ҳидоят месозад.
Ҳамаи масъалаҳои дар Паём баррасишуда, воқеан масъалаҳои калидӣ буда, яке ба дигаре пайванди ногусастанӣ дорад ва дар маҷмуъ ба хотири боз ҳам боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардуми шарифи кишаварамон таҳия гардида, амалӣ карда мешаванд.
Бояд қайд кард, кӣ ҳафт самти муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вобаста ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодию иҷтимои кишвар боз як қадами устувор дар роҳи амалисозии муташакилонаи раванди ҳукумати электронӣ дар мақомоти давлатӣ арзёбӣ мешаванд. Дар робита ба ин, бо мақсади таъмини минбаъдаи рушди ҳукумати электронӣ дар мақомоти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ дар мақомоти давлатӣ таҳия шуда истодааст.Вазифаҳои асосии Низоми мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар шакли электронӣ таҳия намудани Феҳристи хизматчиёни давлатӣ ва пайвастани он ба масъалаҳои молиявии мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Вобаста ба ин, дар фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ амалиёти молиявӣ, аз ҷумла музди меҳнат, нисбат ба хизматчиёни давлатӣ ба воситаи Низоми иттилоотии зикршуда дар шакли электронӣ роҳандозӣ карда мешавад. Яъне, Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ таъмини хадамоти кадрию молиявии мақомоти давлатиро ҳам бо мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ тақозо менамояд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат ҷиҳати амалисозии самтҳои панҷсолаи минбаъда, аз ҷумла қайд карданд: “…рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот…”, ки дар таъмини фаъолияти бо сифат ва самараноки Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ дар мақомоти давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин барои иҷрои ҳадафҳои самтҳои мазкур таъсиси воҳидҳои сохтории мустақил оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо зарур аст.
Дар маҷмӯъ, Паёми навбатӣ чун паёмҳои солҳои пешин, барои хонандагону донишҷуён, наврасону ҷавонон, коргару хизматчии давлатӣ, олиму омӯзгор, кишоварзу табиб ва аҳли фарҳангу варзиш ироа шудааст, ки ҳар яке умеди худро мебинад. Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро роҳнамо асту ҷиҳати беҳдошти рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат мекунад. Пас ҳамаи мо, новобаста ба касбу кор, шуғл, масъули иҷрои нишондодҳову вазифаҳои Паём ҳастем. Ҳар он чие, кӣ дар ин роҳ малӣ месозем, барои худ, хонадони худ, деҳаву маҳаллаву ҷойгоҳи худ мекунем.
Мудири кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкории ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд
н.и.и., дотсент Каримова И.И.
