Роғун – омили пешрафт ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

Бо ташаббуси кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрук семинари илмӣ – назариявӣ бахшида ба истифода дода шудани чархи якуми НБО Роғун баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ семинарро мудири кафедра дотсент Зокирҷон Шарипов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба нақшаи баргузории чорабинӣ ошно сохт.

Дар семинар маърӯзаҳои илмии декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, номзади илми иқтисод, дотсент Н. Ҷалолов дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО Роғун”, маърӯзаи номзади илмҳои кимиё Н. Қобилов дар мавзӯи “НБО Роғун-эътирофу эҳтироми миллат” шунида шуд.

Баъдан озмунҳои “Гӯшаи девории беҳтарин” ва “Реферати беҳтарин” бахшида ба истифода дода шудани чархи аввали НБО Роғун ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо муайян карда шуданд.

Хабарнигори “ИТ”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *