Таҷлили бошукуҳ ва мутантани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд.

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҳамагонро бо Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки “Халқи шарафманди тоҷик зери парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ – ифтитоҳи чархи якуми Нергӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро амалӣ намуд, ки самараи ташаббусҳо, заҳматҳои пайваста ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, якдиливу ҳаммаромии мардуми заҳматқарини тоҷик мебошад. Ташаббуси бунёди ин иншооти бузурги аср сароғози корномаи навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт”.
Таъкид шуд, ки таърихи навини давлатдории тоҷикон гувоҳи он аст, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ, ки Парчами давлатӣ яке аз онҳо мебошад, барои дарки амиқи ғояҳои олии марбут ба ҳуввияти миллии мардум нақши муассире дорад. Парчам мақсаду мароми созандаи миллати тоҷикро инъикос намуда, ифодагари роҳи таърихии он мебошад. Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд.

Барномаи рангини ифодакунандаи ҳисси баланди ватандӯстонаи аҳли ҳунар табъи ҳозиринро болида намуд.

Дар чорабинии идонаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1300 нафар устодону донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуда, меҳру садоқати худро ба рамзҳои муқаддасаоти миллӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ баён доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *