Дар ДИС ДДТТ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ифтихор аз Парчами давлатӣ ва бузургдошти фаъолияти меҳнатии нимасраи устодон Умаров З. Ҳ. ва Қоситов О. Қ.” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли ҷомеаи меҳнатиро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Директори донишкада таъкид намуд, ки яке аз нишонаҳое, ки мамлакат ва миллатро муаррифӣ мекунад, ин Парчам мебошад. Парчамро рамзи асосии кишвар дар тамоми дунё медонанд. Хусусан, барои миллати тоҷик Парчами миллӣ воситаи ифтихор ва худшиносии ҳар кадом аз шаҳрвандон аст.
24-уми ноябр дар раванди дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рўзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Эълон шудани Рўзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокинони Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.
Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халќи Тоҷикистон аст».
Сипас маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент Дилоромхон Эшонова дар мавзӯи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи истиқлолият”, маърӯзаи ассисенти кафедраи ҷомеашиносӣ А. Ибодуллоев дар мавзӯи “Парчам чун яке аз рамзҳои муқаддасоти давлат” шунида шуд. Муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Малоҳат Бобозода зимни суханронӣ аҳли нишастро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, хидматҳои арзандаи устодони донишкада Одилбой Қоситов ва Зафар Умаровро дар рушди иқтисодиёти кишвар хеле муассир арзёбӣ кард.
Баъдан устодон ва пайвандону дӯстони соҳибҷашнҳо ба сухан баромада, бо таманниёти беҳтарин ҳарфи дили худро баён доштанд.
Дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода ба устодон ифтихорнома, меҳрнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ҳамчунин дар ин рӯзи хотирмон барои фаъолияти пурсамар теъдоде аз устодони донишкада бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сипосономаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Бо барномаи рангини адабию фарҳангӣ донишҷӯён хотири иштирокчиёни конфронсро болида гардонданд.
Нуъмон Раҷабзода