ПЎСТИНИ МЕШ ДАРИДААСТУ СИМОИ НАҲЗАТИҲО АЁН АСТ!

Ҳар боре, ки дар матбуоти даврӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба ТТЭ ҲНИ, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш маводе чоп шавад, давраҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта пеши назар меояд. Воқеан, он рӯзҳои мудҳиш, ки ба сари миллати тоҷик омад, онро танҳо ва танҳо як гуруҳ душманони миллат, ки атрофи собиқ ҲНИ, ки алҳол бо номиТТЭ ҲНИ ба ҳамагон маълум аст ҷамъ омада буданд, ташкил намудааст.

Халқи тоҷик  хуб дар ёд дорад, ки дар он солҳо собиқ аъзоёни ҲНИ бо роҳи фиреб баъзе одамони гумроҳро ба майдонҳо ҷамъ оварда , майнаи сари баъзе ҷавонони гумроҳро шуста, зинда ба зинда ҷанозаи онҳоро мехонданд, ки мислаш дар дигар созмонҳои терористии байналмилалӣ вуҷуд надорад. Таърих гувоҳ аст,ки наҳзатиҳои гузаштаву имрӯза барои нафси худ Тоҷикистони азизро ба коми ҷанг кашида, ҳазорҳо-ҳазор халқи тоҷикро нобуд карда, ҳазорҳо хонаи тоҷикро вайрон намуданд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Чингиз Айтматов дар асари “Дуроҳаи бўронӣ” оид ба масоили манқурт чунин тасвир кардааст, ки Хоҷа мӯи сари ғуломи сари худро тарошида, дар он пусти моли навкуштаро печонида мебандад, то он лаҳзае, ки мӯи сари ғулом аз нав рӯида ба қабати пуст надарояд. Пас аз ин ғулом манқурт мегардад. Баробари ин маънои калимаи манқурт-ро шарҳ медиҳем, ки  ин беэътиноикунанда, беҳурматӣ нишондиҳанда (нисбат ба расму одати худ),  инкоркунандаи таърихи худ, он ки мағзаш хушк шуда бошад. Бале, Кабирӣ ва пайравонаш ғуломи манқурти хоҷагонаш мебошад. Зеро дар сурати иҷро накардани хостаҳои хоҷагонашон, хоҷагон пустаки сари Кабириро гирифтани мешаванд. Талаб кардани пустаки сари манқурт барои ӯ ба марг баробар аст. Кабирӣ ва думравонаш гурге дар пустини меш мебошанд. Ҳарчанд онҳо медонанд, ки алакай пустини меш даридаасту симои гургии онҳо пурра аён аст. Хулоса, имрӯз хоҷагони Кабирӣ  дарк кардаанд, ки Тоҷикистони имрӯза, Тоҷикистони солҳои 90-ум нест! Мо ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузошта истодаем. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳисси ватандории ҷавонони тоҷик ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райхон хуштар медонад.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият мукаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки 30 соли Истиқлол чун 30 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад. Бигзор , Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои Истиқлол ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад!

Р. АНВАРӢ,
асистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *