ИЗҲОРОТИ кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ нисбат ба фитна ва иғвои ТТЭ ҲНИ ва Гурўҳи -24

Мо, омўзгорони кафедра дар асоси таҳлили маводҳо ва барномаҳои ВАО огаҳ ҳастем, ки дар ҳар ақсои ҷаҳон ҳаводиси зиёде рух медиҳанд ва тавассути васоити ахбор умум қатлу кушторҳои ваҳшиёнаву гӯшношунид дар қаламрави Шому Ироқ ва Афғонистон намоиш дода мешаванд. Баробари ин дар Аврупо аз ҷониби ҳизбу гуруҳҳои мамнўъ  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби ғаразҳои сиёсии ифротӣ ба роҳ монда шудааст. Масалан роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва Беҳрузи Тағойзода, аъзои Гурўҳи -24 бо фитна ва иғвои хоинонаи худ имрӯз низ дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ.” ва “Садои мардум” нисбати кишвари соҳибистиқлоли мо тўҳмату буҳтон бофта истодаанд. Баробари ин як нуктаро бояд иброз намуд, ки рафтору кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини Ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти Ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Наҳзатиҳо ва ҳаракату равияҳои ифротӣ арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва ҳатто, барои маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудаанд. Ҳамаи мо аз кӣ будан ва чӣ мақсад доштани ин беватанҳоро медонем, ки онҳо имрўз низ  ҳирсу худхоҳӣ ва табиату тинати ба хиёнат одат кардаашон оромашон нагузоштасту боз ҳам мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо супоришҳои хоҷагонашон барои иҷрои супориши онҳо кўшиш доранд.

Ба гурӯҳҳои ифротии дар боло зикршуда, таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик тоҷик аст. Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳаматарафа дида истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар яқҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо муваффақияту комёбиҳои беназир пешвоз мегирем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *