Ҳозирини арҷманд,
Устодон ва донишҷӯёни гиромиқадр!
Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки 6 ноябри соли 1994 бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он ба ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад:
“Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст”.
Аҳамияту арзиши баланди ин ҳуҷҷатро моҳияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он нишон медиҳад, зеро ончунонки дар Конститутсия таъкид мешавад, ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои чандандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст, зеро меъёрҳои он зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳое, ки бо назардошти тараққиёти ҷомеа солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия ворид гардидаанд, ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, барои расидан ба марҳилаи навбатии инкишофи ҷомеа, демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд.
Ба шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумоён – устодон ва донишҷӯёни гиромиқадрро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саломатӣ, осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва иқболи баланд орзу менамоям.