ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲУҶҶАТИ СТРАТЕГИИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими стратегӣ ва барномавии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Паёми имсолаи Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, илму маориф, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва устувории давлатро дар бар мегирад. Ин санади муҳим на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифт, балки самтҳои асосии рушди минбаъдаро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир муайян намуд.

Соли 2025 барои Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ гардид. Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки тӯли зиёда аз сад сол ҳалношуда боқӣ монда буд. Имзои шартномаи сарҳадӣ, инчунин созишнома бо иштироки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, заминаи устувори сулҳу субот ва рушди минтақавиро фароҳам овард.

Паёми навбатӣ бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи устувор дорад. Мизбонии нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва қабули қатъномаҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳифзи пиряхҳо, криосфера ва нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор, далели равшани эътирофи ҷаҳонӣ мебошанд.

Инчунин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали қадим ва қабули қатънома дар бораи эълон шудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» мавқеи фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид.

Дар Паём натиҷаҳои татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар ҷамъбаст гардиданд. Тайи даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, рушди солонаи иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил дод. Даромади пулии аҳолӣ беш аз шаш баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.

Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қадами муҳим ба сӯи ояндаи устувор мебошад. Ин барнома ба ду баробар афзоиш ёфтани иқтисод, коҳиши камбизоатӣ то 10 фоиз ва тавсеаи табақаи миёна нигаронида шудааст.

Яке аз меҳварҳои асосии Паём рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Пешвои миллат ба таври мушаххас зарурати коҳиш додани омили инсонӣ, гузариш ба идоракунии рақамӣ, ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи таҷрибаи муваффақи биллинги рақамӣ дар соҳаи энергетикаро таъкид намуданд.

Пешниҳоди таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва дата-сентрҳои «сабз» нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ният дорад аз захираҳои гидроэнергетикии худ барои рушди технологияҳои пешрафта истифода намояд.

Дар Паёми имсола ба масъалаи рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Таъкид шуд, ки саноатикунонии босуръати кишвар, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ аз омилҳои калидии пешрафти иқтисодӣ мебошанд. Дар давраи саноатикунонии босуръат беш аз 2600 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 2,5 баробар афзоиш ёфт. Соҳаи энергетика низ бо сармоягузории калон рушд карда, бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва идомаи сохтмони НБО «Роғун» заминаи истиқлоли энергетикиро фароҳам меорад.

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 санади фарогир ва стратегӣ буда, роҳи равшани рушди Тоҷикистонро дар солҳои наздик муайян менамояд. Он ифодаи иродаи қавии сиёсӣ, таҷрибаи бойи давлатдорӣ ва эътимоди комил ба неруи созандаи мардум мебошад. Бо такя ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва заҳмати аҳлона, Тоҷикистон қадам ба қадам ба сӯи давлати пешрафта, иқтисоди рақобатпазир ва ҷомеаи солиму маърифатнок ҳаракат мекунад.

Ғ.ЮСУПОВ,
ассистенти кафедраи молия ва
қарзи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *