Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Ба фикри мо аз надонистани таърихи гузаштаи миллату давлати хеш, худшиносӣ, анъанаҳои аҷдодӣ, ифтихори ватандорӣ, ватанпарастӣ ягон халқи ҷахон пеш намеравад, ягон кишвар соҳибэҳтирому муқтадир намегардад, ки поя барои терроризму экстримизм хоҳад шуд. Хуб надонистани забон, расму русум ва фарҳанги мардуми кишвари иқомат ва паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи як қисмати муҳоҷирини корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии ватани худ, бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад, ки оҳиста–оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра, аз қабили бекор мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои будубош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвари иқомат, даст задан ба ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ барои моилу пайваст шудани муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.
Терроризму экстремизм ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷавонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. Ҷавононро зарур аст, ки ҳама имконияти мавҷударо истифода намуда, барои пешрафти Тоҷикистон талош намоянд. Ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд. Бинобар ин ҷавононро бояд дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.
Солҳои охир хатарҳои ҷаҳони муосир, назири терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон гардидаанд. Дар амри мубориза алайҳи ин хатарҳо нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҳамчун мавқеи стратегӣ қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фароҳеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.
Ҳамин тавр, кӯшишҳои созмондеҳони терроризми байналмилалӣ барои мустаҳкам кардани мавқеи ҷонибдоронашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, натиҷа надоданд. Сабабҳои муваффақияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм ва экстремизмро метавон чунин шарҳ дод:
– ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи сахту беамони Ҳукумати Тоҷикистонро бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамаҷониба тарафдорӣ намуд;
– таъсиси сохтори зиддитеррористӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2004 ба Тоҷикистон имкон дод, ки муборизаро бо терроризм ва экстремизм боз ҳам пурқувват намояд;
– Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод;
– Тоҷикистон, ки аз байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ қарор дорад, дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгирии тавсеаи терроризм ва экстремизми динӣ ба қаламрави онҳо ҳамчун сипар истодааст.
Дар замони имрўза падидаи номатлуби терроризм ва зуҳуроти дигари ба он алоқаманд дар шаклу намудҳои мухталиф зуҳур мекунад: ба вуҷуд овардани инфиҷор (таркиш)-ҳо дар ҷойҳои сераҳолӣ, дохили автобусҳо, фурудгоҳу мағозаҳо, тавассути таркиш хароб кардани биноҳои аҳамияти муҳимдошта, гаравгон гирифтани одамон, бо роҳи зўрӣ дар одамон ба вуҷуд овардани тарсу ваҳм ба хотири дар шуури онҳо ҷой додани нобоварӣ нисбати ҳаёти ояндаи дурахшон, бо роҳи сўиқасд ҷисман нобуд кардани шахсиятҳо ва ғайра.
Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм соҳиби мавқеи устувор буда, дар ин замина бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурда дорад. Дар кишвари мо бо иқдоми шоистаи Сарвари давлат имрўз барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини баробарҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Маҳз, дар даврони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳиби дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидан ба комёбиҳои бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ низ ноил гардид: сатҳи худшиносии мардум боло рафт, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, табодули фарҳангу ақидаҳо, андешаи созандагӣ ҷузъи таркибии андешаи миллӣ қарор гирифт.
Мардуми кишвари озоду ободи мо имрўз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рў, давру замон дар назди мо-ҷавонон аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 26-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.