Озодӣ ва истиқлолият – муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат

Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанўз кам
аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини
давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои миллати шарафманду фарҳангофарини тоҷик беҳтарин неъмати зиндагӣ ва армущони олии таърих  маҳсуб мешавад. Ба қавли Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мову шумо аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд». Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ноил шудан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳо заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Шоир чӣ хуб фармуда:

Ман барои хонаи ободи миллат, зистам,
Ман барои ҳастии ободи миллат, зистам.
Доду бедоди фузун будаст дар чархи куҳан,
Додгустар то шавам бар доди миллат, зистам.

Бале, Истиқлолият неъмати бебаҳост ва шукуфоию ободии кишвари азизамон моро ба ояндаи дурахшон ва пешрафтҳои назаррас умедвор месозад. Шукри оромишу осоиш ва сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо имзо гаштани созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ насиби мо гардид.
Неъмати рўйи дунё бисёр аст, вале беҳтар аз озодӣ неъмате нест. Ин неъмати гаронбаҳо меваи ширини дарахти Истиқлол аст. Имрўз мардуми мо аз фазои фараҳафзои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ки рукни якдилист, озодона нафас мегиранд. Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рўйдоди душвор, вале муҳиму тақдирсозе буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудӣ раҳо додани давлату давлатдории тоҷикон аз ҷиҳати илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ нақши бузурге бозид. Бо итминони комил метавон гуфт, ки яке аз сарчашмаҳои қобилиятӣ, ба ибораи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон «гузашт кардан барои бастани созишномаи сулҳ» ҳамоно реша дар адабиёти ғании классикии мо дорад.  Маҳз, ошноӣ бо осори бузургони адаби форсу тоҷик, ҳидояти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар «Маснавии маънавӣ» буд, ки ҳама сарҷамъ омада, барои ободию шукуфоии Ватан азму талош намудем:

Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.

Имрўз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад. Мо бояд дар ин рўзҳои душвор ва айёми сангин ва раванди дигаргуншавии тамаддунҳо эҳтиёткор бошем ва ба қадри соҳибватаниву соҳибдавлатии хеш бирасем. Имрўз ҷаҳон шоҳиди ҳодисаҳои террористию падидаҳои бисёр номатлуб гашта истодааст, ки ҳар як фарди бонангу номусро ҳушдор медиҳад, то барои ободии Ватан аз дилу ҷон камари ҳиммат бандад. Терроризму экстремизим падидаҳои номатлуб буда, мутассифона, солҳои охир омили асосии нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшат мегарданд. Мо ҳама хуб медонем ва борҳо дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки террорист дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад. Ашхоси фирефта ва гумроҳгашта даст ба аъмоле мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти олам – инсон мегарданд, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ба ин васила мехоҳанд, ҳадафҳои хешро пиёда созанд. Пас саволе ба миён меояд, ки оё метавон ба ин роҳи пурдаҳшат  ба ҳадаф расид? Албатта, не! Мутассифона, дар расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳодисаҳои террористӣ ва қатлу куштор бештар матолиб ба нашр мерасад. Расонаҳо бештар дар бораи он хабар медиҳанд, ки ба ин аъмоли ношоиста ҷавонони мусалмон даст мезананд ва оҳиста-оҳиста андешаеро дар мағзи мардум ҷойгир мекунанд, ки гуё маҳз мусалмонон дар ҷаҳони имруз даст ба амалҳои террористӣ мезананд. Аммо, ҳақиқат ҷойи дигар аст ва бояд таъкид намуд, ки маҳз аз бедонишию ҷаҳолат ва ноогоҳию камсаводии ҷавонон истифода бурда, кишварҳои мусалмониро ба вартаи пуртаҳлака равона сохтанд, ки аз он ҷо раҳо ёфтан кори саҳлу осон нест. Манзурам, воқеаҳое ки дар Миср, Сурия, Ироқ, Афғонистон рух доданд, мебошад. Худ қазоват кунед, ки дар як лаҳза кишварҳои ором, пешрафта ва ру ба инкишфро ба дасти худи ҷавонони ноогоҳ ба кадом ҳолати ваҳшатангез расонида шуданд. Имруз дар Сурия ҳар руз садҳо нафар қурбон мешаванд, дар Ироқ таркишҳо ҷони кудакону модаронро мерабояд, Афғонистон лаҳзае ором нест. Ҳамаи ин ҳодисаҳои ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои абарқудратҳо, ки мехоҳанд мавқеи худро дар минтақа мустаҳакам намоянд, моро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем, нагузорем, ки ҳадафҳои ғаразнокашонро дар кишвари мо пиёда созанд.
Терроризм, ки он ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ ёд мешавад, ба ҳар гуна амалкард ё таҳдид барои тарсонидан ва ё осеб расонидан ба шаҳрвандон, гуруҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ гуфта мешавад.  Имруз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон  доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ  воқеан таҳдид мекунад. Дар гушаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмўъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад.  Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқуъ  пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи  ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фуруши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.
Авзои имрўзи ҷаҳон дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар бо таври амиқ таҳлил гардиданд ва андешаҳои Сарвари давлат перомуни ҳаводиси Шарқи Наздик ва ҳимояи дини мубини Ислом боиси дастгирист: «Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».
Ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат ҳар як шаҳрванди баору номус ва соҳибватанро бетараф гузошта наметавонад ва мо бояд барои ободии Тоҷикистони азиз бештар саҳми арзандаи хешро гузорем: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем». \

Н. Раҷабов,
А. Бобоҷониён

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *