Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад
Хизбу харакатхои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд.
Бояд ёддовар шавем,ки аз оғози солҳои 70-80 қарни гузашта ҲНИТ бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ХНИТ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Аз замони табаддулоти пофарҷоми ТТЭ ҲНИ инак соли сеюм сипарӣ мешавад.Ин ташаккулаи террористии хиёнатпеша,аз роххои қонунӣ ба даст овардани си сиро натавонист ва ба интихоби порлумони соли 2015 ду курсии дар порлумондоштаро аз даст дод,шеваҳои хашини фаъолиятро истифода кард.Ин табаддулоти мазкур бори дигар маѓшуш шудани фазои кишвар гардид. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Роҳбарони ТЭ ҲНИ ,ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд бори дигар ба халқу ватани худ хиёнат карданд.
Ин ташкилоти террористӣ пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ѓаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудовом ба террори ақидагӣ машѓул шу два аз озодиву имконҳое, кидар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд,кӯшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву ҳуруфотӣ ва таассубзада намояд.Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро вайрон намуда,сабаби ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид.Қайд кардан ҷоиз аст,ки аз тарафи ҳамин гуна нафарон ҳамагуна хиёнатро интизор шудан мумкин аст.
Чанд ҳодисаҳои нанговаре,ки аз тарафе ин қабил нафарон дар ҷумҳуриамон ба вуқуъ омада маҳз бо дастури саркардагони ТТЭ ҲҲӢ сурат гирифтаанд, хиёнатҳои аввалини наҳзатиҳо набуд, балки онҳо хиёнатро аз бомдоди истиқлол шурӯъ намуда,дар солҳои 90-уми қарни гузашта вуҷуди миллату кишварро зери савол мондаанд.Ѓайр аз ин чун дар замири саркардагони ин ҳизб арзиши истиқлолияту худшиносии миллӣ набуд,худро ба оѓӯши доираҳои мазҳабии баъзе кишварҳои исломӣсупурданд ва ба ҷои арҷ гузоштан ба Истиқлолият ва арзишҳои онро дар сатҳи миллӣ дарк намоянд.Аз тарафи дигар барои ин нафарон худи шинохти миллат дар дидгоҳи танг ва маҳдуд дақиқ дар шакли маҳалгароӣ ва дар шакли дину мазҳаб фаҳмида мешуд.
Аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба афсонаҳои ТТЭ ҲНИ бовар надорад.Барои мардум аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ ва сулҳу оромӣ мебошад. Ба ҳама маълум гардидааст, ки даъвату гуишҳои раёсати ин ҳизб на роҳнамоикунанда, балки гумроҳикунандаанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем.
Аз ин рӯ, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшинос шуда ,барои халқу ватани худ покдилона хизмат намояд.Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бар зидди душманони миллат-роҳбарони ТТЭ ХНИ муттаҳид бошем.
Раупова К.О. ассистенти
кафедраи забонҳои
тоҷикӣ ва русӣ