Қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем!

Дар ин рӯзҳои мушкил барои давлату миллат вобаста ба вазъи мавҷуда насли калонсол махсусан омӯзгорону аҳли фарҳангу ҳунар, адибону бонувон ва фаъолзанон вазифадоранд, дар тарғибу риояи дастури табибон бештар масъулиятшиносиро пеша карда, фарзандонро дар хона нигоҳ доранд, ба тозагии хонаву манзили зист, муҳити атроф бештар эътибор зоҳир намуда, тарзи ҳаёти солимро риоя ва ташвиқ намоянд.

Қайд бояд намуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сироятии короновирус бояд ҳар як сокини кишвар бо мақсади ҳифзи саломатии худ гигиенаи шахсиро бо қоидаҳои беҳдошти саривақтӣ ва мунтазам риоя намояд. Дар сурати зӯҳури нишонаҳои бемории сироятӣ шаҳрвандон бояд ба табибон муроҷиат намоянд. Танҳо дар ҳамбастаги мо метавонем мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ идома бахшем.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад то соати 17:00 дақиқаи 2 июн  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2217 нафар ё 54% шифо ёфтаанд. То санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то 2 июн дар мамлакат 1612 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 393 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.Ҳамдиёрони азиз, бо назардошти вазъи бавуҷудомада, аз шумоён хоҳиш менамоям, ки бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (навъи COVID-19) тадбирҳои андешидашударо қабул намуда, интизоми баланди инсониро ҷиҳати риояи онҳо нигоҳ доранд.  Ҳамдиёрони гиромиқадр, ҳар яки Шумо барои давлату миллат азиз ҳастед ва итминон дорем, ки дар ҳамдастӣ мо миллати куҳанбунёди тоҷик ин мушкилиҳоро ба зудӣ паси сар хоҳем кард!

Мо аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ аз мардуми шарифи кишвар даъват ба амал меоварем, ки фирефтаи ҳангомаву овозаҳои беасос нагарданд ва барои пешгирии бемории короновирус риояи ҳатмии гигиенаи шахсиро ба роҳ монда, ба гуфтори бардуруғ ва дасисаҳои бадхоҳон дода нашаванд. Мо боварӣ дорем, ки Ҳукумати кишвар ва дигар ниҳодҳои марбута барои мубориза ба короновирус омодаанд, пас бояд бештар ба хабарҳои расмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз хабарҳои воҳимаангез худро дур гирифта, барои ободии ватан софдилона заҳмат кашем.

А. Қаюмов,

муовини директори ДИС ДДТТ,

номзади илми иқтисод, дотсент

А. Азимов, доктори илми иқтисод, профессор

О. Қоситов, номзади илми иқтисод, дотсент

Н. Қобилов, номзади илм, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *