Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби назҳати исломии Точикистон, ҳозира ташкилоти экстремисти-террористии ҲНИ дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсади асосии ин созмон барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд. 26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расми баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур фаъолияти ошкоро дошт. 21 июли соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ҲДТ, ҳаракати «Растохез» ва созмони «Лаъли Бадахшон» барои ташкили намоиши бардавом дар майдони «Шаҳидон», дар моҳҳои март-майи соли 1992, ки ба ҷанги бародаркуш оварда расонид, фаъолияти ҲНИ маън карда шуд. Роҳбарони ҳизб ба Афѓонистон фирор намуда, дар он ҷо моҳи июли соли 1993 Иттиҳоди мухолифи тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ низ шомил буданд. (Сборник статей. Миротворческие процессии в Таджикистане. Душанбе 1998 – стр. 341.)
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 28 октябри соли 1999 бо мақсади ба амал омадани тафоҳуми амалӣ миёни нерӯҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дуняви дошта, бо мақсади истиқрори сулҳ ва ризояти миллии байни тоҷикон, мутобиқи моддаи 28-и Конститусияи Тоҷикистон, ки таҳсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динӣ дошта рухсат медиҳанд, нахустин ҳизби дорои хусусияти динӣ яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро маротибаи дуюм ба таври расми ба қайд гирифт
Ҳамин тариқ муаян карда шуд, ки мақсади асосии пешвоён ва аъзои фаъоли ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда кӯшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор сохтан иборат мебошад.
Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизби мазкурро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд. (ҲНИ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ шуд. АМИТ «Ховар» Душанбе, 29.09.2015. Минбари халқ 30 сентябри соли 2015. саҳ- 9.)
Ҳизби ифротии назҳат аз оғози фаъолият то имрӯз бисёр ҷиноятҳоро содир намудааст.
Терроризм ва экстремизм аз зумраи мушкилоти тезутунди замони муосир ба шумор меравад. Ҷараёнҳои экстремизмистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон такя менамояд.
Боиси шукр ва хушнудист, ки оид ба марому мақсади ҲНИ ба мо тоҷикон сари вақт маълум гашт.
Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно аст. Аз ин рӯ, мубориза бо ин вабои аср натанҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви ҷомеа мебошад. Ҳамеша дар талоши он бошем ки, бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва дастовардҳои бо мушкилии зиёд ба даст омадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор , худшиносу ватандӯстро тарбия намоем.