НБО-И «РОҒУН» ОМИЛИ АФЗУНГАРДОНИИ ИҚТИДОРИ СОДИРОТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити муосир иқтидори энергетикӣ ва истеҳсоли қувваи барқ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва омили асосии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, бинобар ин, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад.

Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи барқии обӣ мебошад, ки иқтидори он дар як сол 527 млрд.квт/соат ба ҳисоб меравад. Бо иқтидори энергияи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро дар дунё пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро бештар аз 95% энергияи барқии обӣ ташкил медиҳад. Захираҳои асосии энергияи барқии обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст. Иқтидори системаи энергетикии Тоҷикистон 5190 МВт-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла ҳиссаи энергияи барқии обӣ 93,9%-и тамоми иқтидорҳои муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 318 МВт, яъне танҳо 6,1% – ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби истгоҳҳои барқи обӣ мебошад, 16,5 млрд.квт/соат мебошад. Бояд қайд намуд, ки беш аз 98% – и энергияи барқӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби НБО, аз ҷумла 97%-и он аз неругоҳҳои бузургу миёна ба даст меояд.

Дар даврони истиқлолият дар ҷумҳурӣ бисёр неругоҳҳои хурду миёна сохта ба истифода дода шудаанд, лекин муаммои таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ аз байн бурда нашуд. Ягона роҳи халосӣ аз ин муаммо идома додани сохтмони НБО – и «Роғун» буд, ки сохтмони он ҳануз дар замони Иттифоқи Шуравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар ин давра оғоз гардида буд. Аммо бо далели ҷанги шаҳрвандӣ, нокифоягии маблағ ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил диҳад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Санаи 29-уми октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик фаромўшношуданист, зеро дар ин рўз пеши маҷрои дарёи Вахш баста шуд, ки дар ин маросим бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рўи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерўи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрўз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Рўйдоди муҳимми таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди нерўгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки чанде пештар сурат гирифт. Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Имрўз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад».

Баъд аз солҳои тӯлонӣ, интизориҳои зиёд, баъд аз ҷанҷолу кашмакашиҳои сатҳи байналмилалӣ, Тоҷикистон нахустин агрегати нерӯгоҳи “Роғун”- бузургтарин иншооти кишварро ба кор меандозад.

Орзуи деринае, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият дошт, яъне таъмини комили кишвар бо нерўи барқ амалӣ мегардад.

Пас аз соатҳои бошумор миллати тоҷик ва тавассути инъикоси намояндагони ВАО тамоми ҷаҳон шоҳиди ҳодисаи таърихӣ – ба истифода додани аввалин агрегати НБО- «Роғун» хоҳанд шуд.

16-уми ноябр дар кишвар Рўзи Президент таҷлил мегардад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи ватани тоҷикон бандоза бузург аст. Аз ин лиҳоз, ба рўзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО «Роғун» басо рамзист. Зеро сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматкашу бонагу номуси тоҷик эҳё гардид ва инак, дар арафаи истифодадиҳӣ қарор дорад. Воқеан ҳам Роғун ин нишона аз иродаи матин, мушкилнописандӣ ва садоқати Пешвои миллат ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва некўаҳволии мардуми он мебошад.

Дар маросими ифтитоҳии НБО –и «Роғун» бисёр рўзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат меварзанд.

Инчунин дар ин маросим намояндагони давлатҳои аъзои лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ташкилотҳои байналхалқӣ, шарикони Тоҷикистон оид ба рушд даъват карда шудаанд.

НБО-и «Роғун» нўҳум неругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб меравад, ки 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, ки тибқи лоиҳа аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар яки онҳо 600 МВт мебошанд.

Дар сурати пурра ба кор даромадани НБО-и «Рогун» то 17 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ тавлид хоҳад гашт. Энергияи истехсол мекардаи он на танхо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, инчунин имкон медиҳад, ки як қисм нерўи барқи истеҳсолшуда ба фурўш бароварда мешавад.

Сарбанди НБО-и «Роғун», ки баландиаш 335 метрро ташкил хоҳад дод, дар ҷаҳон баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) ба ҳисоб меравад. Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Арзиши лоиҳаи сохтмони НБО –и «Роғун» 3,9 млрд.долларро ташкил медиҳад.

Бунёди ин неругоҳ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба калонтарин бозори неруи барқи Осиёи Марказӣ табдил ёфта, содироти неруи барқи арзону тозаро ба кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монад.

Агар, ҳаҷми содироти кишварро дар соли 2017 таҳлил намоем, содирот 1198,1 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба соли 2016 33,3% ё худ 299,5 млн. доллар афзудааст.

Содироти қувваи барқ низ дар соли 2017 53, 527 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2016 3,6% зиёд гаштааст.

Нишондиҳандаҳо 2016,

ҳаз.долл.

2017,

ҳаз.долл.

Соли 2017 бо фоиз соли 2016
Содирот, ҳамагӣ 895706 1198158 133,8
Қувваи барқ 51665 53527 103,6
Содироти қувваи барқ % нисбати ҳаҷми умумии содирот 5,7 4,47  

Мувофиқи маълумоти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ содироти қувваи барқ 55% афзудааст. Сабаби афзуншавии ҳаҷми содироти барқ ба Ҷумҳурии Ўзбекистон содир намудани қувваи барқ ба ҳисоб меравад.

Дар нимсолаи авали соли равон зиёда аз 940 миллион киловатт/соат қувваи барқ содир карда шуд, ки нисбат ба соли гузаштаи давраи ҳисоботӣ ба 333 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Пешбинӣ гардидааст, ки то охири соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Ўзбекистон на кам аз 1,5 миллиард кВТ/соат барқ содир карда мешавад.

Дар соли 2019 содироти кувваи барқ дар ҳаҷми 1,5 млрд.кВт /соат ва дар соли 2020 ин нишондиҳанда ду маротиба зиёд, яъне то 3 млрд.кВт/соат пешбинӣ шудааст.

Суръати афзоиши истеҳсоли қувваи барқ дар мамлакат дар солҳои 2018-2020 дар сатҳи 2,3 млрд.кВт/соат пешбинӣ гардида, аз 17,6 млрд. кВт/соат дар соли 2018 то 19,9 млрд.кВт/соат дар соли 2020 расонида мешавад.

Дар ин раванд, баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли нерўи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба нерўи барқ торафт меафзояд.

Баъди ба кор даромадани неругоҳи «Роғун» таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар, ки содиркунандаи барқ дониста мешавад, бештар мегардад.

Фаъолияти корхонаву ташкилотҳо беҳтар гардида, истеҳсолоти маҳсулот афзун гардонида мешавад, ки ин ба иқтидори содиротии кишвар нақши муҳим мебозад.

Баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

Хулоса, фардои дурахшони точикистониёну Точикистон аз бунёди НБО-и «Роғун» вобаста аст. Сохтмони неругохи «Роғун» корнамоии навбатии ахолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, мехнатпарастию бунёдкорист. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёти иқтисодиёт мерасонад.

Ассистенти кафедраи иқтисодиёти
ҷаҳон Шораҷабова Ш.З.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *