НАЗҲАТИЁНИ МАЗҲАБФУРӮШ

Дар таърих рӯйдодҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки дар ҳолатҳои ҳассос алалхусус дар Аврупо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо а нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила бо супоришҳои хоҷагонашон амалҳои тундравона ва иғвогаронаашонро амалӣ созанд. Масалан ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲНИ аз кабили чунин ниҳоти диниву мазҳабии тундрав  мебошад, ки ҳанӯз ҳам тибқи супоришҳои хоҷагони бурунмарзиаш дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Бояд ёдовар шуд, ки то манъ шудани фаъолияти собиқ ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори аъзоёнии ҳизби мазкур мебошанд дар мадрасаҳои динии ба давлати ҳамагон маълум таҳсил намуда, мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Ин суханҳо бори дигар аз тамошои филми мустанад бо номи “Хиёнат”аёну тасдиқ шуд. Бо баробари ин манбаъҳои эътимоднок тасдиқ мекунанд, ки фарзандон ва хешу табори собиқ аъзоёни ҲНИ дар мадрасаҳои динии хориҷӣ дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс хонданд. Инчунин илова ба таҳсил дар мадрасаҳои динӣ, барои паҳн кардани ақидаи шиа дар байни назҳатиён курсҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддадти таълимоти сиёсию мазҳаби ташкил шудаанд. Ҳамаи ин далелҳо собит менамояд, ки роҳбарон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо, рафтору амал, макони зиндагии назҳатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Аз масоили матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста шуда, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тахкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро зарур аст, ки ҷиҳати роҳ надодан ва бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез имрӯз саъю талош варзидан талаботи замон аст.

                          Миробидова М.-сармутахассиси шуъбаи
кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *