Даволи даҳсолаи охир инсоният шоҳиди даҳшатбортарин рафторҳои террористӣ –экстромистии сиёсӣ гашта, паи таҳқиқу таҳлил ва омӯзиши моҳияту хусусиятҳо, сабабу оқибатҳо ва шаклҳои мухталифи зуҳури ин падидаи зиёновар, кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.
Даҳаи охири асри гузашта, амалҳои зишту номатлуберо созмони ғайриинсониро ҲНИ дар кишвар анҷом дод.
Солҳои 1992-1997 Ҳ Н И дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон амал намуда, борои бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28- сентябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифтани он дар ҳар як воҳидҳои марзию маъмурии кишвар ташкилоти ибтидоии худро таъсис дода, ба ташвиқоту тарғиботаш “камар” бастанд, ки дар муддати кӯтоҳтарин тарафдорони зиёде пайдо намуд.
Дар натиҷа на фақат дар ҷомеа бо қувваи асосии сиёсӣ табдил ёфт, инчунин то ҳадде тақвият пойдо намуд, ки тавонист дар кишвар табаддулоти давлатӣ ва ҷанги бародаркушро ба амал барораду ба роҳ андозад. Ҳарчанд таъйиноти асосии таъсисёбии ҲНИ истиқлолияти сиёсӣ иқтисодию фарҳангӣ ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмиини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошда ҳам, вале баръакс аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстримистӣ доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ норозигиву иғво ва кинаю адолатро барангехтанд.
Мо қариб ҳар рӯз тавассути расонаҳои ахборӣ аз амалҳои террористии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ ” дар Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо огоҳӣ пайдо менамоем, ки боиси ташвишу изтироби кулли сокинони сайёра гаштааст. Террористон худро ҳомии Ислом хонда, мардуми бегуноҳро қатли ом мекунанд, на ба кӯдак раҳм доранду на ба модар.
Дар ҳар давру замон ашхоси ватанфурӯш ва ноҷавонмарду носипос зери мазаммати мардум мондаанд. Имрӯз мисоли рӯшанро дар симои ҳайати ТТЭ ҲНИ метавон баррасӣ кард.
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки ТТЭ ҲНИ-ро аз ҳар ҷиҳат пуштибонӣ намояд, Бояд қайд кард, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ шудааст. ҲНИ ҳарчанд тамоми аҳдофи ғаразнок ва фаъолияти экстримистию террористии худро бо ниқоби дину мазҳаб рӯйпӯш мекард, вале амалҳои анҷамдодаи онҳо бори дигар моро ҳушдор дод, ки чашм ба сӯи ҳақиқат боз кунем ва парда аз рӯи ин гурӯҳи тафриқаангезу ифротгаро бардорем.
ТТЭ ҲНИ то ҳол дасисабозию иғвогарии худро давом дода истода пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дида наметавонад. Аммо масъалаи ба нишасти навбати онҳо даъват шудани наҳзатиҳо ин аз рӯи стандартҳои ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи башар нест, зеро фаъолияти он дар Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои аъзои СММ ва созмонҳои дигар ҷаҳонӣ (аз ҷумла САҲА) мебошад, манъ гардида, ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон карда шудааст .
Имрӯзҳо шакл гирифтан ва вусъат пайдо намудани фаъолияти ТТЭ ҲНИ боиси таасуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мардум аз тамоми мақсадҳои нопоки онҳо огоҳанд ва ҳаргиз ба афсонаҳои бофтаи онҳо бовар намекунанд. Сабабгори асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид, боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт.
Арабова Райҳона,
китобдори дараҷаи дуюм