Мутафаккирон – ҳадафҳои аввалини душманони миллат

Неруи тавонои пешбари ҳар давлату миллат зиёиёни он ба ҳисоб мераванд ва дар пешрафти илму маърифат саҳми калон доранд. Баъзеҳо, ки нисбат ба давлату миллате хусумат доранд, агар яку якбора забони давлатро несту нобуд карда натавонанд, пас олимон, шоирон, фарҳангиён ё дар умум, шахсони барҷастаро аз байн бурдан мехоҳанд.

Аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон солҳои зиёд ҷиноятҳо содир менамуданд ва ҳамаи ин аъмоли зишти онҳо баъдан ошкор гардид. Ин ташкилот душманони ҳақиқии миллати тоҷикро омода месохт. Намехост, ки давлати Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои ҷаҳонӣ пешрафт намуда, маълумоту маънавиёти дунявии мардум боло равад.

27-уми июли соли 1996 як гурӯҳи мусаллаҳи ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ амали террористиро нисбат ба ходими намоёни ҷамъиятӣ, олими шинохта, раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд», Президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Муҳаммадҷон Осимӣ анҷом дод. Наҳзатиёни террорист Муҳаммадҷон Осимиро дар дохили долони мактаби миёнаи №7-и шаҳри Душанбе бо шеваи ниҳоят ваҳшиёна ба қатл расониданд. Боиси таассуф аст, ки чунин инсони бузург аз тарафи ҳаммиллату ҳамзабони хеш ба қатл расонида шуд.

Муҳаммадҷон Осимӣ муаллифи зиёда аз 10 асар ва 250 мақолаи илмӣ мебошад. Таълифоти ӯро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлуҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла, тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ дар бар мегиранд. Мавсуф барои халқи тоҷик хизматҳои бузург кардаву сазовори ҷоизаву мукофотҳои бешумор, аз ҷумла, ду ордени «Ленин», ду ордени «Байрақи сурх», ордени «Инқилоби октябр», «Нишони фахрӣ» ва дигар медалу унвону ифтихорномаҳост.

Ҳоло фаъолияти ТТЭ собиқ ҲНИ дар Тоҷикистон манъ гардида, чанде аз аъзои онҳо дастгир шуда, ба ҷазои аъмоли хеш расидаанд, вале ҳамдастону роҳбарони онҳо ҳанӯз дар мамлакатҳои хориҷа барои нооромии мамлакати азизи мо нақшаҳои касиф кашида истодаанд. Вобаста ба ин, моро мебояд, ки ҳамеша эҳтиёткор бошем, то ба доми фитнаю дасисаҳои онҳо наафтем.

 

Ромиш РАҲМОНИЁН,

рӯзноманигор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *