Муртриба Раҳимова – барандаи идрорпулии кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишҷӯи соли чаҳоруми ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо Мутриба Раҳимова барандаи идрорпулии Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Лозим ба таъкид аст, ки Мутриба Раҳимова донишҷӯи фаъол ва пешқадами донишкада буда, ҳамасола дар озмунҳои гуногун иштирок мекунад ва пайваста ба мақомҳои ифтихорӣ мушарраф мегардад.

Дар вазъияти тантанавӣ идрорпулии Мутриба Раҳимоваро муовини Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода тақдим намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно намуд. Маблағи идрорпулии кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2800 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин чанде пеш дар донишкада озмуни “Донишҷӯи сол”-и вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар байни муассисаҳои олии вилоят Мутриба Раҳимова сазовори мақоми сеюм гашт. Мо ба ин дастовардҳои арзанда Мутриба Раҳимоваро самимона табрик гуфта, барояш комёбӣ ва бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоем.

Муродҷон Неъматов,

мудири бахши ҷавонони ДИС ДДТТ

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *