МУЛОҚОТИ МАНФИАТБОР

Санаи 8 майи соли равон директори Ассотсиатсияи бизнеси байналмиллалӣ ва технологияҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Азимов ба Донишкадаи иқтисод ва савдо ташриф овард. Ҷонишини директор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қаюмов А. зимни ташрифи Шӯҳрат Азимов оиди самтҳои гуногунҷабҳаи донишкада бо ӯ сӯҳбату мулоқоти самимиву созанда баргузор кард.

Дар рафти мулоқот ҷонишини директор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қаюмов А. муҳим будани тақвияти муносибатҳои ҳаматарафаи ҳамкории байни Донишкадаи иқтисод ва савдо бо Ассотсиатсияи бизнеси байналмиллалӣ ва технологияҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъкид намуд ва масъалаҳои мушаххасси ҳамкориро баррасӣ кард. Таҳти роҳбарии ҷонишини директор оид ба таълим бо иштироки мудири шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Мухторов С. С., мудири кафераи иқтисодиёти ҷаҳон н.и.и. Мирпочоев Д. А. бо Азимов Ш.  мулоқот баргузор гардид. Зимни мулоқот чунин масъалаҳо бо директори Ассотсиатсияи бизнеси байналмиллалӣ ва технологияҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳокима гардиданд:

  • Имкониятҳои ташкили таҷрибаомӯзии пешаздипломии донишҷӯёни ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” дар корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  • Гузаронидани семинарҳо, конфронсҳои муштарак бо мақсади омӯхтани таҷрибаи Ассотсиатсияи бизнеси байналмиллалӣ ва технологияҳо оиди дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
  • Ташкил намудани мизҳои мудаввар бо устодони кафедраҳои иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, молия ва қарз, ҳуқуқ ва тиҷорат доир ба мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, амалигардонии лоиҳаҳои байнидавлатӣ оид ба рушди инфрасохторҳо, энергетика ва ғайраҳо.

Дар фарҷоми мулоқот Азимов Ш. аз меҳмоннавозии устодони донишкада сипоспугозӣ намуда, ба аҳли раёсати донишкада миннадтории худро баён намуд. Азимов Ш. қайд намуд, ки омода аст дар самтҳои муқарраргашта ҳамкориро вусъат бахшад. Ҳамзамон,  директори Ассотсиатсияи бизнеси байналмиллалӣ ва технологияҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Азимов раёсати донишкадаро ҷиҳати анҷоми мулоқот ва ҳамкорӣ ба шаҳри Тошканд таклиф намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *