Дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД ва қарори Раиси вилояти Суғд оид ба вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят санаи 19-уми феврали соли равон мулоқоти навбатӣ дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар мулоқот беш аз 400 нафар хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Вохӯриро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда, бо шароитҳои таҳсил ҳозиринро шинос намуд. Баъдан ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода оид ба таҳсил дар донишгоҳ ва имкониятҳо баромад намуд. Ректори ДКМТ Фозилзода Мухтор ва директори Донишкадаи политехникӣ Дилафрӯз Саидӣ дар бораи дастоварду комёбиҳои муассисаҳояшон маълумоти муфассал доданд.
Зимни суханронии хеш директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, Олимӣ Рауф Латифзода зикр намуд, ки донишкада дорои тамоми имконият ва шароит барои донишандӯзӣ мебошад. Пояи моддию техникӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, таълим дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, толорҳои лексионӣ, утоқҳои лингафонӣ, лабораторияҳо амалӣ мешавад. Айни замон дар донишкада зиёда аз 531 компютерҳои замонавӣ ба шабакаи баландсуръати Интернет пайваст карда шудаанд. Барои донишандўзӣ донишҷўён аз китобхонаҳои муқаррарӣ, аз он ҷумла 13442 адад китоби бадеӣ ва 44107 адад китобҳои тахасусӣ ва электронӣ бо хазинаи 8862 адад китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ, синфхонаи Интернет бо 64 адад компютери замонавӣ ва дигар имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд бурд. Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону донишҷўён ва магистрон тибқи барномаҳои ЭРАСМУС +, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.
Дар донишкада майдончаи варзиши замонавӣ мавҷуд буда, дар он намудҳои варзиш: волейбол, мини-футбол, баскетбол, теннис ва ѓайраҳо гузаронида мешаванд. Барои устодону донишҷўён толори варзиши замонавии “Фитнес” амал менамояд, ки дар он 18 тренажер, 4 тенниси рўи мизӣ ва дигар таҷҳизоти варзишӣ гузошта шудаанд.
Донишҷуёни донишкада дар Спартакиадаи Ҷумҳуриявӣ соҳиби 5 медал ва дар Спартакиадаи вилояти сазовори 18 медал гардиданд.
Хатмкунандагон ба саволҳои худ, ки асосан вобаста ба раванди таълим дар муассисаҳои олӣ мебошанд, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.