Мубориза бар зидди ифротгароӣ омили мустаҳкамии ҳокимияти давлат

 

 

Даҳсолаҳои охир ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ ва зарар расонидан ба амният ва вазъияти сиёсӣ-иқтисодии кишвар имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Махсусан, зуҳуроти  бемайлони амалкунии ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ба монанди  гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт ва омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии олимон, таҳлилгарон

ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва муаммои мазкур онро

тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунанда дар амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо муайян карда шавад. Инчунин ҷиҳати вусъати корҳо оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ, тарбияи насли воқеан давронсози миллат дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ  бояд ба амал оварда шавад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир

шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳо, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо андешида шуда истодаанд. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Маълумотҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ дошта дар солҳои 2010-2018 зикр намуда, бояд гуфт, ки шумораи дастгиршудагони ба қайд расида – 1367 нафарро ташкил додааст, 464 нафари онҳо чун аъзоёни гурӯҳҳои экстремистӣ дастгир шудаанд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 бо тариқи возеҳу равшан оварда шудааст, ки кадом мақомоти давлатӣ барои мубориза бурдан бар зидди экстремизм сафарбар карда шудаанд.

Субъектҳои асосии мубориза бар зидди ингуна хатари бузурги иҷтимоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо мебошанд, ки дар доираи салоҳияташон низ барои мубориза вазифадор карда шудаанд.

Пешвои миллат дар баромадҳои худ чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшонро арзёбӣ мекунанд.

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки  чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои  ҳимояи  манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

 

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида  ва  минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза  бо  терроризм,  таҳдиди  амалҳои нави  террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Дар воқеъ, рўйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.

Яке аз талаботҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад.

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борњо таъкид менамоянд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад.  Ба  мо  зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки  чашм  ҳифз  кунем  ва  ҳама аз як гиребон сар бароварда барои  ҳимояи  манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҷомеаи Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Имрўз Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои зиддитер¬рористӣ ҳам мебошад. Тоҷикистон аз рўзҳои аввалини давлатдории навини худ ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунандаи дахлдор тағйироту иловаҳо ворид кард ва ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ  шуда,  ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамуд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстремизм ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои

аср эмин нигоҳ доранд.

 

Ассистенти кафедраи

назарияи иқтисод Абдузуҳурова З.Б.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *