Мубориза алайҳи коррупсия кори дастаҷамъона мебошад

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо устодони ин муассисаи олии таълимӣ баргузор гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов дар ҷаласа баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мулоқоти мазкур дар ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад. Таъкид шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Майори адлия Шоира Мутавалиён, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ҳамагуна шароит фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ–Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад.
Таъкид шуд, ки Барномарезии давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. Мавҷудияти Стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Чӣ тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.
Мубориза бар зидди коррупсия дар чаҳони муосир ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯбарӯ нашудаву алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад.

Иттилоъ дода шуд, ки бешубҳа, мубориза алайҳи коррупсия як муборизаи тӯлонӣ ва дастаҷамъӣ буда, самаранок гузаронидани он ба амалӣ сохтани як қатор чорабиниҳо вобаста аст. Бояд таъкид кард, ки мақсади ниҳоӣ аз мубориза алайҳи коррупсия устувор намудани арзишҳои демократӣ дар ҷомеа, эҳтироми ҳуқуқи инсонҳо ва пешгирӣ кардани пайомадҳои номатлуби он аст, на ин ки поймол сохтани принсипҳои демократия, ва ҳуқуқҳои инсон.

Мулоқот дар фазои озоду ошкоро бо мубодилаи афкор анҷом ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *