Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза падидаҳои номатлубе пайдо шудаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатардор мебошанд. Яке аз ин падидаҳо гурӯҳҳои терористии ДИИШ, Ҳизбуллоҳ, Ихвонулмуслимин, ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои терористӣ мебошанд. Чанде пеш дар Ҷумҳурии Арабии Миср Конфронси ҷаҳони уламои мусулмон доир гардид, ки дар он ҳамаи муфтиён ва уламои мусулмони кишварҳои мусулмонӣ ТЭТҲНИ-ташкилоти террористӣ эътироф карда, сармоягузорони онро душмани башарият хонданд.
Новобаста аз он ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти ин гурӯҳи террористӣ чашм пӯшида онро бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд.
Бетартибиҳои соли 2015 низ яке аз нақшаҳои пинҳонии ин гурӯҳи ифротӣ буд. Баъд аз ин ҳодиса роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ба назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар онҷо низ боз даст ба хиёнати ватан мезад. Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштанд. Баъди ҳодисаи даҳшатноки қатли сайёҳони хориҷӣ, ки нақшаи тарҳрезикардаи ТЭТ ҲНИ буд, аз кирдори ношоистаи ин ҳизби ифротию террористӣ аксари кишварҳои олам низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористӣ мешиносанд.
Ҳоло ТЭТ ҲНИ ягона роҳи зинда мондани худро дар фитнаву ғавғо медонад ва аз ин рӯ, роҳбарони он ҳатто зану кӯдаконашонро ҳам ҷалб карда, ҷо-ҷо садо мебароранд. Аз симои аслии ин гурӯҳи ифротӣ ҳамаи мардум огоҳ гаштанд ва ҳеҷ кас дигар ба ин гурӯҳи терористӣ бовар надоранд. Дар ин гурӯҳ як мушт қотил, хоин ва ватанфурӯш фаъолият мекунанд, ки ҳама кори худро тибқи нишондоди хоҷагони хориҷиашон иҷро мекунанд.