Мо зидди  ТТЭ  ҲНИ  ва  ифротгароӣ

Вақте  ки ба воқеаҳои олам назар меафканем, инсонро даҳшат фаро мегирад. Ҷаҳон имрӯз дар ҳолатест, ки танҳо ақли солим онро метавонад, дар як вазъи ором нигоҳ дорад. Ба болои ин кас ба ҳайрат меафтад, ки чаро то имрӯз инсонҳое  ҳастанд, ҳато дар кишвари азизи мо, ки аз сари бефаросативу ноогоҳӣ ба равандҳои ифротгаро пайваст шуданд   мехоҳанд ё дар қаламрави Ватани азизамон фитнаеро эҷод кунанд ё нооромӣ биёранд.

Дар авали  солҳои  70-уми асри 20 фазои динии  Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз даҳсолаҳои  гузашта ба куллӣ  фарқ мекард. Дар ак сари манотиқи  Осиёи Марказӣ  аз ҷумла Тоҷикистон   мадрасаҳои нимапинҳонӣ  ғайрирасмии динӣ арзи вуҷуд карданд

Ифротгароёни ТТЭ ҲНИ ба  хоҷаҳои хориҷии худ хизмат намуда, мехоҳанд, сулҳу суботи кишвари  соҳибистиқлоли моро халалдор созанд. Ана барои ҳамин босавод шудани ҳамаи ҷавонон барои фирефта нашудан  ба гурӯҳои экстремистию ифротгаро хеле зарур аст.

Бисёр ҷавононе, ки  дар муҳоҷирати меҳнатӣ  қарор доранд, ба доми фиреби ин ҳизбу  ҳаракатҳои нопок афтода, ба давлатҳои дигар рафта, ба сарсонию  мушкилиҳо  гирифтор мешаванд.

Ҷавонон, ки ояндасози мо мебошанд,ояндаи  давлати соҳибистиқлоли худро бояд дарк карда тавонанд ва зиракии худро аз даст надиҳанд. Гурӯҳҳои  ифротӣ аввал шаҳрвандон, бахусус  ҷавононро бо доми худ фирефта  месозанд ва баъдан ононро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои нопокаш истифода мебаранд.

Тавре, ки маълум аст дар чанд даҳсолаи охир  фаъолияти  аъзоёни ТТЭ ҲНИ  густариш ёфта , ин тоифаи бадкешу бадгавҳар ва хоину малъун ба хотири хиёнат намудан ба Ватан ва миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷиашон маблағ гирифта, барои  гумроҳсозии миллат ба харҷ медиҳанд ва сад дар сад бовар дорам, ки пас аз ошкор шудани чеҳраи воқеии ин наҳзатиёни палид мардум ҳатман хулосаи заруриеро дар бораи ин тоифа хоҳанд барорад.

                                                                          Мирзоева  Латофат,

китобдори дараҷаи 1 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *