Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷоема, хуллас, ояндаи миллату давлат мебошанд».
Аз баски насли ҷавон ба сифати як нерўи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда шинохта ва эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерўи демократии ҷомеа ва давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад. Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳиму тақдирсози ояндаи кишварро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати кишвар танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рў меорад, балки сиёсати ҷавонон таҳкурсии сиёсати давраи Истиқлолиятро ташкил медиҳад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурияти ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст.
Мо ҷавонон, бояд фахр кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу таърихи қадима ҳастем. Он дастовардҳое, ки имрӯз насиби мо гаштаанд, бояд дар оянда дучанд гардонида боз рушду камол ёбанд ва ин масъулият ба зиммаи мо гузошта шудааст. Бо муваффақият дар ҳаёт татбиқ шудани он танҳо дар ҳамон сурат амалӣ мегардад, ки агар мо пайрави пешвои миллат ва пешбарандаи ҷамъият бошем, гуфтаҳои он касро ҳамчун дастури зиндагонии худ қабул карда, тамоми қуввату маҳорати худро барои пешрафти кишварамон равона созем.
Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд: «Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, нерӯи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин нерӯи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад. Ин нерӯ метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда».
Барои дар оянда созанда будан, талаботи замонаро саривақт эҳсос кардан, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро ҳимоя ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намудан чӣ бояд кард?
Ба фикри мо, пеш аз ҳама дар раванди ҳаёти худ бояд расму оинҳо ва арзишҳои миллии худро риоя намоем. Одобу рафтори ба миллати тоҷик хосро гум накунем. Ҳамзамон ҳангоми зисту зиндагонии худ бояд қонуну қоидаҳои танзиму анъана ва ҷашну маросимҳоро набояд вайрон кард. Ин иқдом фақат барои нафъи мо равона шуда имконият медиҳад, ки маблағи худро сарфакорона истифода барем.
Муносибат ба сиёсати давлат низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ояндаи мо мебошад. Барои он, ки пайрави сиёсати давлат ва роҳбари он бошем, мо бояд пайваста аз сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар огоҳ бошем, маърифатнокии сиёсии худро ҳамеша сайқал диҳем.
Албатта, тарзи дурусти зиндагониро пеш гирифта аз сиёсат бохабар будан, бидуни соҳиби ягон касб шудан маънои томи худро гум мекунад. Аз ҳамин сабаб яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо- ин ягон ихтисосро интихоб намуда дар ин соҳа сайқал додани донишу малакаҳои худ мебошад. Ин масъалаи бисёр ҷиддӣ аст, чунки аз интихоби дурусти касб зиндагии ояндаи мо, муайян намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва пешрафти он вобаста мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ махсус таъкид намдудаанд, ки “Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.”
Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиѓоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад.
Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҷавонон бояд муттаҳид бошем бар зидди ҷинояткорӣ якҷоя ва дастҷамъона мубориза барем, ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ояндаи миллат ва кишвари азизамон дар дасти мо мебошад. Бинобарон мо, ҷавонон, бояд пайрави ҳамешагии Пешвои миллатамон дар роҳи бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем.
Инъом Ҳалимов,
устоди ДИС ДДТТ