Меҳргон иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёӣ аст!

 

Дар санаи 14-октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба иди Меҳргон мизи мудаввар баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ кори мизи мудавварро муовини директор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Мирпочоев Д.А. кушода эълон намуда, ҳозиринро бо фарорасии иди Меҳргон табрик намуда, ба иштирокчиён дар рафти мизи мудаввар барори корро таманно доштанд.

Сипас, мавсуф зикр намуданд, ки иди Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.
Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Пас аз маърӯзаи худ, дотсент Мирпочоев Д.А. барои баромад намудан суханро ба дотсент Ҷонназарова Д.Х.- муовини директор оид ба тарбия ва кор бо ҷавонони донишкада доданд.

Дотсент Ҷонназарова Д.Х. дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи иди Меҳргон» баромад намуда, иброз доштанд, ки
Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих оғоз мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии                      ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Ба ҷашни Меҳргон истиқлолияти давлатӣ умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, хостори эҳёи ин ҷашн шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Президенти кишвар ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. «Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, «пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст», – зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи ин Иттиҳод маҳсуб мешуд, ҷашни Меҳргон чун Наврӯз ва Сада аз идҳои мазҳабӣ ҳисоб карда шуда, таҷлили онҳо барои сокинони кишвар мамнӯъ буд.

Сипас кори мизи мудавварро мудири шуъбаи илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Камолов Ф.А. идома дода, дар мавзӯи «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориённаҷод» гузориш намуданд. Мавсуф дар баромади худ аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки  маълумотномаи  «Меҳргон» аз сарчашмаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ шуда, он далели роҳи ҳазорҳо сол тайнамудаи халқи  мо дар арсаи таърих буда, бо омехтаи ривоятҳо, афсонаҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум шодоб гаштааст. Бисёр маълумот ва номҳое, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавед, ҳанӯз дар забони падару бобоёни мо зинда аст. Вале санги маҳак ва назму тартиби ин суннату анъанаҳои ойини куҳани мардуми Эронзаминро Маздаясно ба вуҷуд меоварад.

«Авасто» – китоби ойини Маздаясно дар баробари Ведоҳои ҳиндуён – осори қадимтарини таърихӣ ва мадании на танҳо ҳамаи халқҳои ҳиндуаврупоӣ, балки саросари ҷаҳон мебошад. Мардуми бостонии тоҷик ифтихор мекунад, ки гузаштагони мутамаддини он ҳамчун қабилаҳои ориёӣ – дар тадвини чунин мероси гаронбаҳо  ҳиссаи барозандае гузоштаанд. Таҳқиқ ва омӯзиши ин мероси гаронбаҳои даврони куҳан, ки пешиниёни халқи мо ба вуҷуд овардаанд, на танҳо ба саҳифаҳои норавшани  таъриху тамаддуни  гузашта  равшанӣ  меандозад, балки халқҳои  муосирро, ки дар Осиё ва Урупои кунунӣ зиндагӣ мекунанд, наздик  ва хешовандии онҳоро эҳё месозад.

Забони тоҷикӣ сарфи назар аз дигаргуниҳои фаровон то кунун иртиботи худро аз забони авастоӣ ва паҳлавӣ нагусастааст. Имрӯз мо дар забони худ ба бисёр калимаҳо бармехӯрем, ки дар асли хеш боқӣ монда ё тафовути ночизе пайдо кардаанд. Халқи тоҷик яке аз ворисони бевоситаи тамаддуни пурҷилои авастоӣ ва паҳлавӣ мебошад. Омӯзиш, таҳқиқ ва тадриси мероси пурбаҳои  ниёгон дарёи тамаддуни пурарзишу овозадори даврони гузаштаро бо тамаддуни муосир сарозер менамояд.

Бо чопи ин маълумотнома сифатҳо ва ахлоқҳое, ки ниёгони моро бузург ва хоки ононро обод медошт, бори дигар пешорӯи мо қарор мегиранд.Ин ҷашнҳо шаҳодат аз он медиҳанд,  ки  мардуми  форсинаҷод қавми далеру ҷавонмард ва соҳиби  ҷоҳу  ҷалол  аст, дар ниҳоди эшон барои аҷзу лоба, гиряву зорӣ, заъф, фақру  беэътиноӣ  ба дунё ҷое вуҷуд  надорад.

Эҳёи ифтихороти миллӣ  ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккули он вазифаи муҳими имрӯзиён аст.
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи  ранҷи  кашидаи  барзгарон аст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд.  Ин ҷашн рӯзи 16-и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои  таърихӣ  бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад.

Донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 24010104р – ҳуқуқи байналмилалӣ

Ҳошимова Азиза дар мавзӯи «Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон» баромад карда, аз зикр  намуд, ки  чунончӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳо мардуми ориёинаҷод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи

 аҳду паймонва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.

 Меҳргон  иди  ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи  деҳқон,  иди  фаровонӣ, шодию нишот,  дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст.  Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадима

гӯё  Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок  ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи

Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тӯҳфаҳо  тақдим менамуданд.

Панҷ  рӯзи аввал  ҷашни  ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки  Меҳргони бузург меномиданд.
Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврӯз  хеле монандӣ  дорад.  Мардум  хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд.
Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид.

Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём  рӯзу шаб баробар  мешавад  ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузашта­гонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде  сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти  одамон  кишоварзӣ буд. Аз ин рӣ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати  кишоварзон  замони  муносиб будааст, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавриди ҷашни Меҳргон гуфтааст:

 

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

 

      Одилова Муҳиба – донишҷӯи курси 2-уми ихтисоси 24010302т – ҳуқуқ ва танзими молия ва қарз дар мавзӯи «Меҳргон иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон» гузориш намуда, ин нуктаро талқин дошт, ки        Донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсола хондаанд. Гуфта мешавад, Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар.мегузоштанд.
Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ – Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки  дар замони                                 салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.
Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ     Яздигурди  Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии                     шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш                          30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад.

Ба гуфтаи донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд.
Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи          зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда,                           иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда раҳнамо созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардидаст.

Кори мизи мудавварро донишҷӯи курси 3-уми ихтисоси 250108р – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Манонов Қосимҷон идома дода, зикр намуд, ки Меҳргон – калимаи сохта буда, аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози – гон сохта шудааст. Пасванди – гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад. Калимаи Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаштагонамон ин калима инчунин ҳаммаънои Офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад. Дар истилоҳ Меҳргон номи иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёӣ аст. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқа дорад. Дар замонҳои қадими тотаърихӣ ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносону гоҳшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар аасри сеюми қабл аз мелод ҳамчун Худои Офтоб шинохта шуда будааст. Митроро дар Эрони қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри якуми то мелод ва аасри дуюми мелодӣ) пайдо мешавад.

Як чизи дигар аз таърихи забон ва адабиёт маълум ва аниқ аст, ки рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳро низ «меҳр» мегуфтаанд ва гӯё ин рӯзи фариштаи зардуштӣ Фурӯғ будааст. Худи калимаи фурӯғ ҳам маънои равшанӣ, Офтоб ва меҳрро дорад. Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн гирифта мешудааст. Ба ин маъно Масъуди Саъди Салмон фармудааст: Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон, Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон! Меҳргон, ҷашни он, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинаҷод буда, ба ягон дин тааллуқ надорад. Эронинаҷодон дар қадим танҳо ду фасл доштаанд: тобистон ва зимистон. Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон будааст. Баъдтар дигар фаслҳо пайдо гаштанду дар асоси тақвимҳо ҳар чоряки сол фасли алоҳидаро ташкил кардааст.Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ будааст.

Абдуҳафизов Сабурҷон – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260202р – менеҷмент иброз дошт, ки  Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда гуфта будааст: «Ин ид барои умуми мардум аст». Аз нақли ӯ маълум мешавад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае ҷорӣ будааст. Онро нобиғаи ҳамватанамон чунин ба қалам медиҳад: Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб бо овози баланд мегуфтааст: – Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шайтонҳову бадиҳоро банду баст кунед ва онҳоро аз рӯйи Замин дафъ намоед!

Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст. Рӯзи аввали идро “Меҳргони омма” меномидаанд ва ид шаш рӯз давом ёфта, рӯзи охири онро, ки “Ромрӯз” ном доштааст, “Меҳргони хосса” мегуфтаанд.

Ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузаронидаанд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштаанд ва метавонистанд маст шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшидаанд. Аз даврони Фаридун анъана шуда будааст, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш карда буд, бар сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад.

Овардаанд, ки шаҳрбон (шаҳрдор, ҳоким)–и Арманистон дар ҷашни Меҳргон 20000 той ба расми армуғон ба дарбори Ҳахоманишиён ҳадя фиристода будааст. Шоҳони Сосонӣ Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон (солҳои ҳукмронияш 531-579) дар он рӯз ба мардум ҳадяҳо медодаанд.

Мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст. Шоҳону сарварон дар рӯзи иди Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёну хидматгузорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Давраҳое ҳам будааст, ки бо амри шоҳон рӯзҳои байни иди Меҳргони омма ва Меҳргони хоссаро бо ҳам пайваста чанд рӯз ид мекарданд. Ин навоварӣ дар давраи Ҳурмуз – писари Шопури Сосонӣ ҷорӣ карда шуда, баъдтар ҳатто Меҳргонро як моҳи пурра ид мекардаанд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Мирпочоев Д.А. дар хотима кори мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, зикр доштанд, ки кори он дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён оид ба иди Меҳргон ахбори мукаммал ҷамъоварӣ намуда, ба ҳозирин пешкаш намуданд.

 

Турсунов Ф. А.,

мудири кафедраи ҷомеашиносӣ,

дотсент 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *