Ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони ДИС ДДТТ аз марги нобаҳангоми номзади илмҳои филологӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсони равшанзамир, дилбастаи шеъру каломи мавзун Бобоев Сироҷиддин Салоҳович сахт андуҳгин буда, ба аҳли байт ва пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованди Бузург сабри ҷамил мехоҳанд.
Бобоев Сироҷиддин Салоҳович санаи 1 январи соли 1965 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Сироҷиддин Бобоев пас аз хатми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1989 бо роҳхати Вазорати Маорифи Тоҷикистон фаъолияти меҳнатии худро дар гурӯҳҳои навтаъсиси тоҷикии Донишгоҳи Давлатии Бухоро оғоз намудааст. Дар солҳои 1989 – 2004 дар Донишгоҳи Давлатии Бухоро дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, ноибдекани факултети иқтисодиёт фаъолият кардааст.
Аз моҳи ноябри соли 2004 дар Шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Донишгоҳи иктисодии Тоҷикистон ба ҳайси дотсенти кафедраи назарияи иқтисод, менеҷмент ва фанҳои ҷамъиятӣ фаъолият намудааст. Сипас қобилияти зеҳнӣ ва ташкилотчигиашро ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи ноиби директори Шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи иктисодии Точикистон тайъин намуданд.
Пас аз ҳамроҳ гаштани ду донишкада дар соли 2010 фаъолияти меҳнатиашро дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи илм идома дода, ҳамзамон дар кафедраи ҷомеашиносӣ ба шогирдон аз фанни таърихи халқи тоҷик дарс медод.
Баъдан тибқи ротатсияи касбӣ дар вазифаҳои мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва мудири кафедраи ҷомеашиносӣ кор кардааст. Дар давоми фаъолияти кориаш вай худро ҳамчун олими серсоҳа, педагоги пурмаҳсул ва соҳибтаҷриба нишон додааст. Муаллифи чор монография, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ-таълимӣ мебошад. Дар мавзӯи «Таърихи андозҳои маҳаллӣ – аз замонҳои қадимтарин то замони муосир» монографияи илмиашро ба чоп расонидааст.
Дар вазифаи ноиби декан оид ба илм дар факултети тиҷорат ва фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ кор карданаш корҳои илмӣ – тадқиқотии факултет вусъати нав ба худ касб намуд.
Марги бармаҳал ҷавонмарди накӯкорро аз байни мо рабуд. Дар дилу дидаи ҳамкорон мавсуф чун дӯст, ҳамкасб, устоди меҳрубон, поквиҷдон, хушрафтор боқӣ хоҳад монд.
Ба аҳли байт ва пайвандони шодравон Сироҷиддин Бобоев изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳем.