МАРДУМИ ТОҶИК СИМОИ АСЛИИ НАҲЗАТИЁНРО ШИНОХТААНД !

Имрӯз яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебарад. Бо вуҷуди он, чун яке аз афроди сиёҳдилу бадкина, роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш Муҳамадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев имрӯз дур аз ватан дар пушту паноҳи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, бо нашри шарҳу ақидаҳои ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд, носазогӯиҳо фазои иттилоотиро халалдор ва мардумро дар муқобили ҳукумати кунунӣ барангезонидан кӯшиш намуда истодаанд.

Боиси қайд аст, ки хушбахтона мардуми озодандеши мо аз аслу ҳадафҳои ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи дини мубини ислом истифода мешуд, хуб бархурдоранд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи кӯшишу муборизаҳои наҳзатиён бенатиҷа буда, ба сулҳу суботи кишварамон халал ворид карда наметавонад. Чунки мардуми тоҷик симои аслии онҳоро дуруст шинохтаву мақсаду мароми онҳоро ба таври амиқ дарк намудааст. Имрӯз чунин ҳизб дар ҷумҳуриамон вуҷуд надорад ва наметавонад ба сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир расонад. Диққати ҳаматарафа ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар тамоми олам, махсусан дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террорист бо номи  «Давлати исломӣ», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат ва фирории садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд.

Хулоса, ба гурӯҳҳои ифротии дар боло зикршуда, таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик тоҷик аст. Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад.

Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни  30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳаматарафа дида истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар яқҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо комёбии назаррас пешвоз хоҳем гирифт.

МАХКАМОВА Ф. К.-

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *