Маҷлиси ҷамъбастии кумитаи иҷроияи “Инқилоб” баргузор гардид

Дар ДИС ДДТТ бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Урунбоева маҷлиси ҷамъбастии кумитаи иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” баргузор гардид. Меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан хайрамақдам гуфта, оид ба нақши ҳизби созанда ва роҳнамои мардум фикру мулоҳизаҳои худро баён дошта, таъкид намуд:

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони истиқлолият буда, тамоми дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи пойдор ва устувор намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғоявӣ бо номи ин ҳизби ояндасоз, нуфузу обрӯи он пеш аз ҳама бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ дорад. ҲХДТ дар тӯли мавҷудияти худ ва фаъолияти густурдаю хизмати содиқона ба манфиати мардум рисолаташро бо шоистагӣ иҷро намуда, ба як нерӯи тавонои созанда, роҳнамои ҷомеа, сарчашмаи афкору ғояҳои ояндасоз табдил ёфт.

Сипас дар маҷлиси ҷамъбастӣ чаҳор масъала: рафти иҷрои нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар соли 2020, интихоби Раиси Кумитаи иҷроия, тасдиқи фаъолияти корӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якум муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” доктори илмҳои иқтисод, профессор Абдумавлон Азимов маърӯза карда, фаъолияти назарраси ташкилоти ибтидоиро дар соли 2020 таҳлил намуд. Баъди шунидани маърӯза устодони донишкада Н. Ёқубова, О. Қоситов ва Ф. Ҳошимов ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро мусбӣ арзёбӣ карданд. Бо пешниҳоди аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ Раиси нави Кумитаи иҷроияи “Инқилоб” директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан якдилона интихоб гардид.

Дар ҳузури иштирокчиён муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода суханронӣ намуда, аз ҳадаф ва барномаҳои созандаи ҲХДТ ёдовар гардида, зикр намуд, ки соли 2020 барои кулли мардуми Тоҷикистон, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли санҷишҳои таърихӣ буд. Зеро дар таърихи даврони истиқлолияти кишвар нахустин маротиба дар як сол ду маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Хушбахтона ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд доир гардида, мардуми мамлакат бо як иттиҳоду ҳамраъйи бори дигар собит намуданд, ки ҷонибдори сиёсати созандаи Пешвои миллат буда, ба ояндаи дурахшон ва фазои амну ороми кишвари хеш овоз доданд.

Мақсади асосии ҳизб фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими неру ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Тавре, ки дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сабт шудааст, минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолот, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалияти бештар дода мешавад.

Сипас дар вазъияти танатанавӣ ба як қатор устодони донишкада барои фаъолияти пурсамар Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Ҳамчунин ба устодон ва донишҷӯёни донишкада, ки ба тозагӣ аъзои ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.

Директори донишкада, Раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи иҷроияи “Инқилоб”, номзади илмҳои иқтисод дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар поёни маҷлиси ҷамъбастӣ таъкид намуд, ки имсол мо  30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Бинобар ин, ҳамаи чорабиниҳои оммавию сиёсӣ бояд ба таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *