Мӯминова Нигина Равшановна

Мӯминова Нигина Равшановна 6 августи соли 1981 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира шаҳри Хуҷанд) дар оилаи коргар ба дунё омадааст.Соли 1987 ба мактаби миёнаи № 3 шаҳри Хуҷанд қабул гардида, онро соли 1998 бомуваффақият хатм намудааст. Ҳамон сол ба Шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шӯъбаи рӯзона аз рӯи ихтисоси андоз ва андозбандӣ дохил шуда, соли 2003 онро аз рӯи ихтисоси иқтисодчии-бозраси андоз бо баҳои аъло хатм намудааст.
Соли 2008 ба Шӯъбаи Хуҷандии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ба кафедраи андоз ва андозбандӣ, ҳамчун ассистент ба кор қабул гардида, соли 2010 ба таври гузариш ба ҳайси ассистенти кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияташро давом додааст. Аз соли 2017 то 2020 ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи молия ва қарз фаъолият бурда, аз соли 2020 то инҷониб ба ҳайси н.и.и., муаллимаи калони кафедраи молия ва қарз фаъолият бурда истодааст.
Соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-020 рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Таъмини тавозуннокии бозори миллии меҳнат” ҳимоя кардааст. Бо маърӯзаҳо дар конфронсҳои илмӣ-амалии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок кардааст, зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ба нашр расонида муаллифи маҷмааи таълимӣ-методӣ аз фанни “Молия, муомилоти пул ва қарз”, монографияи илмӣ “Рынок труда Республики Таджикистан: тенденции развития и пути обеспечения сбалансированности” ва дастурҳои таълимӣ-методӣ аз фанҳои молия, бозори коғазҳои қиматнок, муомилоти пул ва қарз, бозорҳои молиявӣ, молия муомилоти пул ва қарз мебошад.
Дар курсҳои такмили ихтисоси зерин иштирок ва соҳиби шаҳодатномаву сертификатҳо гаштааст.
Аъзои ҲХДТ, дорандаи стипендияи раиси вилояти Суғд барои аспирантон, унвонҷӯён ва магистрантон дар соли 2017 мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *