КАЛЛАМУШОН ДАР КИШТИИ FАРҚШАВАДА!

Таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ як наворе намоиш дода шуд,ки дар он афроди ҷиноятпешаи Хоругу боло бо номи Муҳаммадбоқир зимни муроҷиатномаи беасосаш худро бегуноҳ ҳисобида, аз нуқтаи назари худ бахусус мардумони Бадахшонро ба тафриқаандозӣ даъват намуда, чун калламуши дар киштии ғарқшаванда имрӯз барои наҷот ёфтани худ кӯшиш дорад. Бояд ёдовар шуд,ки Муҳаммадбокир қаблан нисбат ба сардори Раёсати маорифи ВМКБ амалҳои ношоиста карда буд.Дар утоқи кории сардори Раёсат даромада лату кӯб кардааст, ки амал сазовори ҷазост!
Бояд хотиррасон кард, ки Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд.
Таъкидан ба Муҳаммадбоқир ва пайравонаш гуфтанием,ки ҳар як инсон дар ҳаёти кӯтоҳи худ бо амале, барои ҷомеа нафъи худро гузорад, ки ин пеш аз ҳама гӯшаеро обод кунад, дарахтеро парвариш кунад, фарзандро тарбия намуда, илму ҳунар омӯзонад. Бо дарназардошти баромадҳои шоҳидони ҳол қайд кардан зарур аст, ки Муҳаммадбокир дар амалҳои худ ягон кореро, ки ба манфиати ҷомеа ҳаст нишон дода наметавонанд, чунки далелҳои воқеӣ надорад. Акнун хеле дер шудааст ва сокинони Бадахшон чеҳраи аслии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии вилоятро шинохтаанд. Маъдум аст,ки яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани ин афрод савдо ва фурӯши маводи мухаддир буд,ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин аст.Амалҳои номатлуби Муҳаммадбокир сазовори ҷазост! Қонун барои ҳама як аст! Дар назди қонун ҳама баробаранд!

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *