Изҳороти устоди кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории ДИС ДДТТ Каримов И. И оид ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва баргузории ҷаласаи САҲА дар Варшава

Ахиран мақолаи Юрий МАКЕЕВ  “Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо …” дар шабакаҳи иҷтимоӣ ба нашр расид, ки муаллиф дар он перомуни дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар Варшава баргузории конфронси солона таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» ва ин дафъа низ иштироки фаъолони ТТЭ ҲНИ, ки  ба он даъват шудаанд, нақл менамояд.

Ин матолиб дар сомонаи centrasia.ru  ҷой дода шудааст, ки дар он таъкид мешавад, ки санаҳои 9-21 сентябри соли ҷорӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир намояд. Чун анъанаи дерина интизор меравад дар он аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, иштирок кунанд. Роҳбари он М. Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати шахсии худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронсро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги террористии худ дар доираи ин чорабинӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳикоя кунад.

Вақтҳои охир аз тариқи матбуоти даврӣ огоҳ шудем, ки ташкилоти мамнӯъи бо  ном “Ҳизби наҳзати ислом” дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва баъдан ҳам нияти табаддулот карданро доштаанд. Барои амалӣ шудани ин ҳадафашон ба онҳо  аз хориҷа баъзе кишварҳои абарқудрати минтақа низ ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонидааст.

Имрӯзҳо аз ҳаргуна шабакаҳои интернетӣ фикру ақидаҳои гуногун оиди ҲНИ  баназар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ташкилотро то ҳол пуштибонӣ мекунанд. Вале онҳо инқадар бемағзу ғуломтабиат шудаанд, ки то ҳол бо фикру андешаҳои бегонагон ва бадхоҳони миллати халқи тоҷик ақидаронӣ менамояд. Чунки табиати ғулом ин танҳо иҷрои амри хоҷаи худ аст, хоҳ он ба манфиати халқ бошад, хоҳ ба зиёни халқу миллат дигар иродаи худро надорад бояд иҷро намояд.

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Замоне ки дар он зиндагӣ дорем, басо пуртазоду сермуноқиша аст. Аз ин рӯ, бе андешаи солим ва хиради воло умр ба сар бурдан мушкил аст. Инсон ва ҷомеаро воқеан ҳам ақли расо ва хиради воло аз ҳама гуна хатари даҳшатбору марговар наҷот медиҳад.

Имрўз дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоишта фароҳам омада мардум ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкораи худ кўшиш ба  харҷ оварда истодааст, ки фазои онро боз ҳам осоиштатар гардонад. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар нисбати ватан суханҳои носазо гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *