ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд оид ба баромади иғвогаронаи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-и ифротӣ дар канали YouTube-“Ислоҳ.нет.”-Ислоҳ.тv (аз 07 ноябри соли 2025)

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки Муҳаммадиқболи Садриддини, яке аз пайрави фаъоли наҳзат, амиқтараш созмони навтаъсиси ифротӣ бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”мебошад, дар давоми солҳои охир бештар тавассути канали YouTube-“Ислоҳ.нет.”-Ислоҳ.тv, дар барномаи “Минбари муҳоҷир ” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромадҳои ифротӣ менамояд, андешаҳои хешро иброз дошта,сараввал онро маҳкум менамоем. М.Садриддини иғвогари ифротӣ зимни баромадҳояш дастовардҳои беназири кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, доир ба мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла нисбат ба давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тӯҳматро пешаи худ карда, тухми кинаю адоват кошта истодааст. Ҳар бинандаву шунаванда бе душворӣ пай мебарад, ки ин иғвогари ифротӣ зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаҳои ифротиаш «аз пашша фил месозад». Масалан, санаи 07 ноябри соли равон дар барномаи “Минбари муҳоҷир“ Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби яке аз думрааш Тағоев Муҳаммад ва як қатор афрод бо лақаби

ғайримаъмулӣ баромад намуда, оид ба сафари кории Сарвари кишвар, ки бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба Вашингтон сафар карданд, ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво андохтан кӯшиш намуданд. Ин тудаи ифротӣ ақлу фаросат надоранд ва сиёсати на танҳо дохилӣ ва хориҷии кишварро сарфаҳм нарафта, ҳар сухани дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату Ватан, ба давлати тоҷикон хиёнатро раво медоранд. Таъкидан ба тудаи бадхохони ифротӣ гуфтанием, ки дар аснои сафар санаи 6 ноябри соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот анҷом доданд. Зимни вохўрӣ як қатор масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишвари мо ва ИМА баррасӣ гардид. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни вохӯрӣ ба аҳамияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, дар ҳошияи ин ҳамоиш қайд гардид, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ карда шуд. То ҳанӯз имконияти сармоягузориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир мусбат арзёбӣ карда мешавад. Дар доираи Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) Пешвои миллат аз захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географии Тоҷикистон ёдовар гашта, омодагии ҷониби кишварамонро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи «энергияи сабз» ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя иброз намуданд.
Баробари ин, баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд. Хулоса, натиҷаҳои сафари Сарвари кишварамон ба ИМА пеш аз ҳам ба муносибатҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ заминаи хубе ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон метавонад бо назардошти иқтидори иқтисодии худ тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад. Дар рушди муносибатҳои ду кишвар сафарҳои расмии сатҳи баланд ва вохӯриҳои намояндагони Тоҷикистон ва ИМА, ки зимни онҳо ҳолати пешрафти масъалаҳои рӯзномаи ҳамкории ҷонибҳо ва дурнамои онҳо баррасӣ мешавад, нақши муҳим дорад.
Дар фароварди изхороти хеш вобаста ба масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд бар зидди амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм мубориза мебарем. Воқеан, пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Қайд кардан зарур аст, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор биёрад. Бинобар ин, ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби ҳаммаслакону думравони паймони худсохти наҳзатӣ ва умуман, гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттиоотӣ дур кард. Бори дигар рафтору гуфтори иғовогаронаи М.Садриддину думравонаш ва умуман дигар созмонҳои ифротиро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон боз дубора ғуборолуд гардад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *