

Мо, кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳороти навбатии хеш нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” мебошад, назарсанҷӣ карда, андешаи хешро иброз менамоем. Бояд қайд кард,ки М.Садриддин чун солҳои қаблӣ дар давоми соли равон,аз ҷумла,санаҳои 4 ва 7 майи соли ҷорӣ дар канали YouTube -и “Isloh. tv “, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”боз бо ҷалби шогирдону думравонаш бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад намуд. Барномаи ифротии зикршуда аз оғози фаъолияташ бо матлабҳои гуногуни беасос кишвари моро зери танќид қарор дода, бо ин васила мехоҳад вазъи кишвари соҳибистиқлоламонро ноором кунад. Ба М.Садриддин ва шогирдаш Абдухалил Восиев ва думраваш Муҳаммад Тағоев суол дода мешавад, ки

ҳадафи баромадҳои навбатиаш барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик аст ё дигар масъалаҳо?! Ба ин суол посух додан душвор нест! Ба андешаи мо М.Садриддин ва умуман пайравони навнаҳзатӣ заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашонро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунанд. Ҳар кас аз суханрониҳои бемантиќу беасоси М.Садриддин бо осони пай мебарад, ки ў дар ҳаќиқат ба хотири молу сарват, аќли худро бохтасту бар миллати тамаддунсози мо беасос хиёнат мекунад. Хуллас, М.Садриддин ва шогирду думраваш зимни баромадҳои ифротиашон айби худро руйпуш намуда, бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ба сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо ҳар роҳу воситаҳои шум иттилооти бардурӯғ паҳн карда, худро “мӯсичаи бегуноҳ” нишон медиҳанд. Ин гуруҳаки навнаҳзатӣ ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд ва имруз дар кишварҳои Аврупо гадоӣ доранду аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст.
Дар фароварди изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо, ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст минбаъд низ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, намегузорем, ки навнаҳзатӣ, умуман гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ, дар шуури наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҷиҳати амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаем ва дар ин самт фаъолияти хешро ба роҳ монда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир ҳастем, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ карда, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ мемонем, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст дошта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя мекунем, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намуда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо меоварем.
