Баъд аз мутолиаи маводҳои ВАО аён гардид, ки нимаи дуюми моҳи сентябр конфронси солонаи навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) тахти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» баргузор хоҳад гардид ва ба он аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ даъват карда мешаванд.
Мусаллам аст, ки ҳадафҳои асосии Созмони зикршуда оид ба пешгирӣ ва бавуҷудоии муноќишаҳо дар минтақа, ба танзим даровардани ҳолатҳои буҳронӣ, барҳам додани оқибатҳои муноқишаҳо равона карда шудааст.
Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ба ҳамагон маълум аст, бархурдҳои сиёсӣ дар шарқи Украина, ҷангу чидолҳои доманадор дар Сурияву Афғонистон, Яман ва дигар давлатҳо… Саволе ба миён меояд, ки оё ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони олуфтаи ҷанг, равнаќ бахшидани институтхои демократии давлатҳои дар боло зикрёфта нисбат ба баррасии гузоришхои бардуруғи фаъолони ТТЭ ҲНИ бартарият доранд. САҲА-ро зарур аст, ҳадафҳои аслиашро тибқи рисолати худ, масъалаҳои бархурдҳои сиёсӣ дар шарќи Ҷумҳурии Украина, ҷангу чидолҳои доманадор дар Сурияву Афғонистон, Яман ва дигар давлатҳоро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор медоданд, дуруст ҳисоб меёфт.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳӣ дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуќуқҳои шаҳрвандон, ки дар Конвенсияи ҳуќуқи башар зикр ёфтаанд, бечуну чаро риоя мегардад. Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳуриамон ба ҳолати 1 январи соли 2018 беш аз 3900 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, инчунин 2 кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва 1 ҷамоатхона ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳабҳои гуногуни ғайриисломӣ , ки 68 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шуда, озодона фаъолият мебаранд.
ТТЭ ҲНИ ташкилоти бадномкунандаи дин, тарғибгари терроризм ва густаришгари шабакахои бадӣ, қатлу ғорат мебошад. Бе сабаб нест, ки аз 57 давлати аъзои САҲА 13 кишвар инчунин ба сохторхои дигари сиёси ва хифзи хукуки байналмилалӣ (СМЗТ СХШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) шомиланд, ҲНИ-ро террорист ва экстремисти эътироф кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ХНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Коида», ҳаракати «Толибон» ва гайрахо тахти раками 79 ба Фехристи ягонаи созмонхои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар ќаламрави давлатхои узви СҲШ манъ аст, шомил карда шудааст. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ аз ҷумлаи се ҳазор нафар террористонест, ки ба фехристи ягонаи кофтукови СМЗТ СХШ шомил карда шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки дар сурати воқеан ҳам аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкориӣ дар Аврупо даъват ва ба суханронии иҷоза додани фаъолони ТТЭ ҲНИ, ки дастони онхо олудаи хуни чандин ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи гуногунмиллату маҳзаб мебошад, ба обрӯю эътибори ин Созмон дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар байни соҳибфикрон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодашон коста мегардад.