Мо ҳайати омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ аз расонаҳои хабарӣ бохабарем, ки солҳои охир, яке аз мубаллиғони идеологияи бегонапараст ва тафриқаандоз, амиқтараш пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин , мунтазам тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Илоҳ нет”, муҷрии барномаи “Минбари муҳоҷир”-ро ба уҳда гирифта, бо ҷалби думравонаш баромад намуда, камбудиҳои ночизи кишвари азизамонро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Зимни баромадҳо асосан маводи иттилоотии бедалелу бемантиқро дар барномаи зикршуда ҷой дода, бо ин васила худро “адоллатпарвар” нишон медиҳад. Маслан баромади охир-иғвои навбатии М.Садриддин, ки санаи 12 сентябри соли ҷорӣ дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромад намудааст, ба риштаи таҳлил қарор дода, аввал онро маҳкум намуда, андешаи хешро иброз медорем.Воқеан , баромади навбатии М.Садриддин низ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки худро “уламои дин” шуморида, боз бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев ва зане бо лақаби “Ҷаррос” баромад намуда, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, бахусус ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмуданд.

Хоинони номбаршуда дар сафи ланаткардагони халқу миллат ҷой доранд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои шахсӣ ва хоҷагони худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. М.Садриддин ва думравонаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд.

Ҳадафи масъалаи матраҳгардида он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати ўҳдадории хешро пеша карда, қабл аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоишта, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳҳои иѓвопеша ва ба суханҳои шахсони мутаассибу бегонапараст фирефта нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Таърихи талхи начандон дури давраи соҳибистиқлолии кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори бадхоҳони миллат, умуман раҳбарияту пайравони худсохтаи наҳзат ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем ва онро шадидан маҳкум намоем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори милат Муҳаммадиқбол ва думравонаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон суханҳои бўҳтонангезу ихтилофангез гӯянд. Баробари ин ,баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем. Набояд фаромӯш кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ѓайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст!
