
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ бо дарназардошти мушоҳида ва таҳлилҳои моҳҳои охири соли равон, зимни изҳороти навбатиамон оид ба фаъолияти муғризонаи раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллии..” андешаҳои худро иброз менамоем. Бояд қайд кард, ки гурӯҳи хоинони миллат, бахусус, Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, мунтазам дар сомонаи “Ислоҳ.нет”, барномаи ифротӣ бо номи “Минбари мухоҷир” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамоянд. Ин барномаи ифротӣ ҳамеша аз дасиса ва таблиғи ташкилотҳои террористие, ки дар Тоҷикистон мамнўъ аст, барои сафедкунии гуноҳҳои қаблиаш баромад мекунад. Барномаи ифротии мазкур аз оғози фаъолияташ бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ мехоҳад вазъи кишвари моро ноором созад. Дар аксар дасисаҳои барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” маводе ба мушоҳида мерасад, ки муаллифони он, яъне шогирдону думравони М.Садриддин аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки барои пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Ногуфта пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун М.Садриддин ва думравонаш мехоҳанд бо нашру баромади матлабҳои гуногун кишвари моро зери эроди беасос қарор диҳанд. Кас аз дидани барномаи “Минбари муҳоҷир” эҳсос мекунад, ки М.Садриддин худро “уламои дин ва адлҷў” вонамуд карда, машғули гапҳои беҳуда шуда, нисбати миллату давлат иғвоангезӣ менамояд. Чунончи, санаи 20 декабри соли ҷорӣ М.Садриддин дар барномаи мазкур таҳти унвони “Бояд ба ватан баргардему озод шавем ё роҳи дигаре доред?” бо ҷалби думравонаш Абдухалил Восеев, Шавкати Муҳаммад ва афорде бо номи Ҷамшеду Мамадамин дур аз мавзуъ оид ба масоили давлатсозӣ, кормандони сафорат, дипломатияи тоҷик, кормандони мақомот, аз ҷумла амният ба таври худ андешаи носолимро баён сохтанд. Ба М.Садриддин савол дода мешавад, ки ин барномаро ў барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо. Ин амалҳое, ки анҷом медиҳад, хоинона буда, аз рӯзноманигорӣ (журналистика)-и ноб фарсахҳо дур аст.

