ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади иғвогаронаи М.Садриддин дар канали YouTube -и “Isloh. tv”, (сом.Ислоҳ.нет.) аз санаи 23.03.2025 с.

                                                                             

         Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иҷтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, борҳо зимни изҳороти хеш, қайд карда будем ва боз ёдовар мешавем, ки яке аз пайравони наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону думравонаш то ҳол хулосабарорӣ накарда, пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамоянд. Чунончи, санаи 23 марти соли равон М.Садриддин – роҳгумзадаи ифротӣ ва шогирдонаш, яке бо номи Восиев Абдухалил ва дигаре Раҳматулло Ҳасанов зимни баромади навбатӣ тавассути

                                                           

канали YouTube -и “Isloh. tv”,боз чун баромадҳои қаблӣ худро “уламои дин” шуморида, оид ба масоили азобу боғҳои ҷаннат ёдовар шуда, ғайбату иғвогариро пеша карда, чун тўтивор такор ба такрор вобаста ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва оид ба масоили иҷтимоии мардум сухан ронда, онро нодуруст маънидод карда, ғайбату туҳмати беасос намуд, ҳол он,ки мо дар моҳи шарифи Рамазон қарор дорем. Аз нуктаи назари дини мубини Ислом ғайбат гуноҳи азим аст! Дар робита ба ин, ёдовар мешавем, ки дар Қуръони Карим, сураи Ҳуҷурот, ояти 12 чунин омадааст: “Эй мўъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед… Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст”. Вале, бадхоҳони миллат сураи мазкурро ба инобат намегиранду тӯҳмати беасосу ғайбат менамоянд.
Инчунин, гурӯҳаки ифротӣ – Муҳаммадиқболи Садриддин, Восиев Абдухалил ва Ҳасанов Раҳматулло дар рафти ҷараёни баромад оид ба масъалаи афв, яъне оид ба фармони навбатии Сарвари кишвар «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» ба тавсиб расидааст, бо таври худ маънидод карда, андешаи носолимашонро баён намуданд. Ба гуруҳаки роҳгумзадаи ватангадои ифротӣ вобаста ба масоили зикргардида таъкидан қайд менамоем, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд», тибқи принсипҳои башардӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд. Фармони мазкур нисбати маҳкумшудагоне татбиқ мегардад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуда, дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд.
Бо истифода аз ин фурсат ба гуруҳаки ифротӣ ва умуман, ба хоинони миллат хитобан гуфтанием, ки ба корҳои давлатдории мо мудохила накунанд. Ногуфта намонад, ки хоинони миллат дар сафи лаънаткардаи халқу миллат ҷой доранд. Зеро ин хоинон доимо ба иғвогарию тўҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудаанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. М.Садриддин ва шогирдону думравонаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Хулоса, ҳоло вақти он расидааст, ки шумо низ ба он дасисаҳои худ хотима диҳеду ин пешравию саодати рӯзгори тоҷиконро қабул намоед, вақте ин қадар дар мусоҳибаҳоятон мо тоҷикистонием мегӯед. Зеро сухан дигару амал дигар аст!
Мо фаромӯш кард накардаем, ки Истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро ба осонӣ ба даст наовардаем, ки имрӯз ба бадкирдории нохалафе аз даст диҳем. Воқеан, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо,ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Вазифаи мо дар назди халқу миллат аз он иборат аст, ки ба насли фардо низ Истиқлолият нурпошӣ кунад ва ояндаи миллатамон дурахшонтар гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *