Мо кормандони шуъба борҳо вобаста ба рафтору гуфтори бадхоҳони миллат, аз ҷумла Муҳаммадиҷболи Садриддин,ки яке аз пайрави паймони худсохтаи наҳзат – Паймони миллӣ мебошад, борҳо зимни изҳороти хеш андешаҳои худро иброз дошта будем.

Вобаста ба баромади навбатии М.Садриддин, ки санаи 23 октябри соли равон дар барномаи ифротии “Минбари мухоҷир” баромад намудааст, сараввал онро маҳкум намуда, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки М.Садриддин зимни баромадаш оид ба вазъияти оилавии мардуми кишвар гуё ки вазнин аст ба таври худ беасос ғайривоқеӣ арзёбӣ намуда, вобаста ба масоили барқ анешаи носилмро танҳо ба хотири эҷоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардум ва ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон таблиғоти ғаразнокро пеша намуд. Вобаста ба ин масоил ба барномаи ифротиаш думрашав, бо лақаби “Нурик”, ки алҳол дар яке аз шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат дорад, ҷалб намуд. М.Садриддин мисли гадои оворагард, аз думраваш талаб карда, дастур дод, ки муҳочирони дар каламрави Амрико қарордошта маблағ ҷамъ намуда, ба сурогаи “Ислоҳ нет”ирсол намоянд. Баробари ин, думраваш-Нурик оид ба масъалаи инқилоб сухан карда, нисбати мардуми кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гуфт. Суханҳои бемантиқи ин бадхоҳони миллат ягон асосе надорад. Хулоса, М.Садриддин ва думравонаш ба ғайр аз тўҳмату ғайбат дигар коре надоранд. Дар урфият мегӯянд, вакт довар аст ва таърих гувоҳ.Ҳақикати таърих дар руи об аст, ки ҳаммаслакону пайравони паймони худсохтаи наҳзат-Паймони милли, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд. Хулоса, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин бадхоҳони миллат комилан бовар намекунанд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш гуфтанием,ки натиҷаҳои нохалафиву ватанфурўшии аъзоёну думравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, ки дар асл ТТЭ ҲНИ мебошад,бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани тағрибу ташвиқи ифротгароӣ, умуман нисбати бадхоҲони миллат муборизаи беамон мебарем! Таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик тоҷик аст! Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад.